Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАРКЕТОЛОГҲОИ ҶАВОН”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАРКЕТОЛОГҲОИ ҶАВОН”

by admin
78 views
Имрӯз дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Маркетологҳои ҷавон”-и назди кафедраи менеҷмент ва маркетинг баргузор гардид.
Дар маҳфил Наврӯз Носирӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, Шарипов Суҳроб, ассистенти кафедраи мазкур, Насимова Гулбаҳор, роҳбари маҳфил ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал роҳбари маҳфил Насимова Гулбаҳор суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Эргашева Манзура, донишҷӯи курси чоруми факултет ихтисоси менеҷменти иҷтимоӣ, зери роҳбарии Шарипов Суҳроб, ассистенти кафедра дар мавзуи “Принсипҳои умумии савдои мутақобила” суханронӣ намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment