Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ИСТИҚЛОЛИЯТ — НЕЪМАТ ВА ДАСТОВАРДИ БЕНАЗИРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

ИСТИҚЛОЛИЯТ — НЕЪМАТ ВА ДАСТОВАРДИ БЕНАЗИРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

by admin
5 views

Дар замони муосир бо назари аҷру эҳтиром нигаристан ба саҳифаҳои таърихи навини кишвар вобаста ба моҳияти аслии дастовардҳои марҳалаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон аҳамияти махсус пайдо менамояд. Таърихи бою кӯҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳалаи худ нақши махсусе дорад. Дар таърихи навини тоҷикон волотарин дастовардамон соҳиб шудан ба истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст, ки имрӯзҳо мо дар арафаи ҷашни 35-умин солгарди он қарор дорем.

Назари олимон ва донишмандони соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ ва махсусан олимони соҳаи сиёсат дар мавриди шарҳи моҳияти аслии мафҳуми мазкур гуногун мебошад. Вале муҳтавои назари амиқи ҳама донишмандони ҷомеашинос ба он далолат менамояд, ки истиқлолият ин, пеш аз ҳама, беҳтарин неъмат ва арзишест, ки дар заминаи он мустақилияти сиёсати дохилӣ ва берунии фаъолияти кори давлат дар замири назар ва андешаи миллӣ қарор мегирад.

Аксари халқиятҳои ҷаҳон, ки аз роҳи ташаккули таърихии давлатдорӣ гузаштаанд ва то ба замони мо омада расидаанд, арзишмандии ин неъматро муқаддас мешуморанд. Бо назари нек ва эҳтиром ба ин дастоварди барои давлату миллат азиз менигаранд. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо бузургтарин ҷашнвораҳои таърихии халқиятҳо ва давлатҳои ҷаҳон ин ҷашни соҳибистиқлолии онҳо мебошад.

Дарки мафҳуми фалсафии «истиқлолият» маънои хеле васеъ дошта, дар маънои умум, моҳияту мазмуни он дар тамоми муборизаи тӯлонии ин ё он халқу миллат барои ба даст овардани озодӣ, барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, устувор гардонидани ваҳдат, таъмини амнияти мардум ва сулҳу осоиштагиро дар мамлакат ифода менамояд.

Назари муҳаққиқони бахши илмҳои иҷтимоӣ роҷеъ ба масъалаи истиқлолият ягона нест. Муҳтавои асосии ин андешаҳои илмӣ водор месозад, ки мо вобаста ба моҳият, мазмун, хислат ва мавқеи таърихии худ «истиқлолият»-ро ба шаклҳои зерин ҷудо намоем: истиқлолияти иқтисодӣ, истиқлолияти сиёсӣ, истиқлолияти иҷтимоӣ, истиқлолияти идеологӣ, истиқлолияти маданиву фарҳангӣ ва ғайра. Ҳар кадоме аз ин шаклҳои «истиқлолият» дар навбати худ дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошанд. Ҳамаи ин ва дигар равандҳои асосии он дар якҷоягии том маънои «истиқлолияти миллӣ»-ро ифода менамояд.

Раванди ба даст овардани истиқлолияти комили сиёсӣ барои мо тоҷикон падидаи арзишманди муосир маҳсуб меёбад ва он яке аз рӯйдод ва дастовардҳои беназири таърихӣ мебошад, ки нақш ва мақоми он бо гузашти таърих қиммату манзалати навро соҳиб мегардад. Барои дарки амиқи ин рӯйдоди воқеан ҳам муҳим лозим меояд ба шароитҳои таърихии ин марҳала бори дигар назар афканем. Чуноне ки воқеаҳои давраи нави соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд, дар ин давраи шадиди муқовиматҳои сиёсӣ Иҷлосияи дувуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд.

Эъломия бо муқаддимаи мухтасар оғоз гардида буд, ки дар он Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мақоми ифодакунандаи иродаи халқҳои сокини Тоҷикистон бо дарки масъулияти таърихӣ барои тақдири халқи Тоҷикистон ва давлати миллии он, бо дарназардошти ҳуқуқи дахлнопазири ҳар як халқ дар таъйини сарнавишти худ, бо эътирофи он ки иттиҳоди озоду баробарҳуқуқи миллатҳои шӯравӣ дар ҳайати Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистии таҷдидёфта зомини тараққиёти ҳамаҷонибаи онҳо мебошад… ва ба хотири таъмини ҳаққи зиндагии шоиста барои ҳар як инсон истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуда, мақсади эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёдро изҳор дошт.

Бояд таъкид намуд, ки соҳибистиқлолие, ки ин санади таърихӣ эълон карда буд, ҳанӯз «соҳибистиқлолӣ дар доираи салоҳияти Иттиҳоди Шӯравӣ» буд, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави худ ҳамаи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданиро ғайр аз масъалаҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ дода мешуданд, мустақилона ҳал мекард. Эъломия Ҷумҳурии Тоҷикистонро масъул сохта буд, ки ҳуқуқи дахлнопазири Иттифоқи Республикаҳои Советии Социалистӣ ва республикаҳои иттифоқиро эътироф ва эҳтиром намояд ва дар айни замон эътироф шудани шаҳрвандии Тоҷикистонро ба сифати шаҳрвандии Иттифоқи РСС муқаррар мекард. Бо ин ҳама хусусиятҳояш Эъломияи мазкур аввалин санадест, ки аз наздик шудани Тоҷикистон ба истиқлолияти воқеиаш башорат медод. Ҳамзамон, дар ин ҳуҷҷат масъалаҳои истиқлолияти Тоҷикистон бо дарназардошти хусусиятҳои замон таҳлили худро ёфта, аз ҷумла мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравиро муайян менамуд. Аз ҷониби дигар, як силсила масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсонро, ки бе асосҳои онҳо эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёд ғайриимкон мебошад, эълон карда буд.

Марҳалаи ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ барои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва республикаҳои иттифоқии шомили он як давраи ғайричашмдошти инкишофи таърихии онҳо буд ва воқеан падидаву ҳодисаҳои сиёсӣ чунон босуръат тағйир меёфтанд, ки ҳатто баъзе аз роҳбарони мақоми аввали ин давлатҳо аз асрори онҳо ғафлат меварзиданд. Бахусус, ҳодисаҳои моҳи августи соли 1991 аз оғози вопасини ин давлати абарқудрат дарак медод. Акнун ҷумҳуриҳо якояк мазмуну мӯҳтавои истиқлолияти худро мавриди таҷдиди назар қарор дода, барои ба даст овардани истиқлоли комил саъй ва талош менамуданд. Ин тамоюл Тоҷикистонро низ аз маҷрои худ истисно насохта буд ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи соли 1990 равшан эҳсос мегардид.

Падидаи аз ҳама неки ин давра барои мо тоҷикон ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 ба шумор мерафт, ки дар натиҷаи он баъди ҳазор соли шикасти давлати бузурги миллии тоҷикон – давлати Сомониён, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз сари нав дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо гардид. 9-уми сентябри соли 1991 Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) истиқлолияти давлатии кишварро эълон намуд. Ҳуҷҷатҳои асосии ин Иҷлосия қабул намудани «Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буданд.

Ин ҳуҷҷатҳои таърихӣ дорои аҳамияти сиёсӣ ва конститутсионӣ буданд. Дар баробари ин Шурои Олии ҷумҳурӣ қарор дар бораи тағйирдиҳии номгузории Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд.

Мавриди зикр аст, ки Изҳороти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) аз 9 сентябри соли 1991 қабул шуда буд, ин андешаро нозукбинона чунин ифода намудааст: «Тағйироти инқилобиро дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ба назар гирифта ва кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри ба он дохилшавандаро оид ба аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ эҳтиром намуда… мувофиқи Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, Шурои Олӣ истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад». Дар ин ҷо муҳимтарин нукта кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёр оид ба аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ буд. Илова бар ин, такмили мафҳуми истиқлолият бо истилоҳи «давлатӣ» баёнгари кӯшиши Тоҷикистон ба хотири касби истиқлоли пурраи он буд. Маҳз бо дарназардошти ин андеша Изҳороти мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалиаш ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ карда буд. Ҳамзамон Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсуси худро «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуда, матни Изҳороти Шурои Олиро дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул донист. Ин ва чанд нуктаи дигаре, ки дар бахшҳои гуногуни ин санади сарнавиштсози миллат инъикос ёфтаанд, баёнгари касби истиқлоли воқеии Тоҷикистон буда, роҳи минбаъдаи рушду инкишофи мустақилонаи онро ба ҷомеаи башарӣ боз намуд.

Худи ҳамон рӯзи таърихӣ, яъне 9 сентябри соли 1991 тағйиру иловаҳои марбута ба Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд ва воқеияти истиқлоли Тоҷикистонро ба сатҳи меъёри конститутсионӣ расонида, ба он аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ хусусияти баргаштанопазир дода шуд.

Ҳамон тавре ки аз баррасиву таҳлили асноди ҳуқуқии расмӣ маълум гардид, андешаи истиқлолпарастиву истиқлолхоҳӣ дар тӯли як сол дар ҳолати таҳаввулоту такомули қавӣ қарор дошта, оқибат то ба сатҳи дарку эътирофи истиқлолияти воқеии ҷумҳурӣ расид ва омили муайянкунандаи пешрафти ҷомеаи озоду комилҳуқуқи имрӯзини мо гардид.

Бояд ин нуктаи муҳимро низ таъкид намуд, ки дар ибтидои марҳалаи нави таърихии солҳои 90-уми қарни XX бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ кишварамон ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1994 кашида шуд, ки боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва хисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард. Чунон ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ишора намуда буд: «Ҷанги Тоҷикистон моро ба вартаи даҳшатноки бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ оварда расонид, кишварро хатари азиме фаро гирифт». Мутобиқи назари таҳлилгарони сиёсӣ, оқибатҳои ин ҷанги шаҳрвандӣ (аксари муҳаққиқон онро ҷанги таҳмилӣ низ баррасӣ намудаанд) хеле харобиовар буд ва бар асари он зиёда аз 150 ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, наздики як миллион нафар бехонумон монда, фирор намуданд, ки аксари онҳо русзабонон буданд ва минбаъд ба Тоҷикистон барнагаштанд. Инчунин, 55 ҳазор кӯдак ятим монда, 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ сӯзонда шуд ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд. Ҳолати наоромӣ, ваҳшоният, куштор, террори аҳолии бегуноҳ, ки дар қатори онҳо шумораи аҳли зиё, олимон ва ходимони давлатию ҷамъиятӣ кам набуд, хеле ҳузнангез ба назар мерасид. Мактабу муассисаҳои зиёди фарҳангӣ дар вилояти Хатлон, махсусан дар минтақаи Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ва қисман минтақаи Кӯлоб харобу валангор гардида, аз фаъолият бозмонданд. Хисороти умумӣ бар асари ин ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медод. Тоҷикистон дар он рӯзҳо эътибори сиёсии худро аз даст медод ва ҳамчун давлати ҷангзада аз ҷониби ҷаҳониён шинохта мешуд.

Новобаста аз чунин шароити душвор барои ташкили давлати конститутсионӣ, муборизаи матини мардумӣ зери роҳбарии Фронти халқӣ махсус аз минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон оғоз ёфт ва минбаъд дар тамоми кишвар авҷ гирифт. Нуктаи муҳим ва арзишмандеро мебояд дар ин радиф ишора намуд, ки барои таҳкими истиқлоли сиёсӣ ва минбаъд устувор гардонидани давлатдории навини мо тоҷикон нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бориз дорад.

Дар он рӯзҳо шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар, ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шурои Олӣ ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ (мавқеи нисбатан ором ва муносиб дар он рӯзҳо) Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардад. Ҷаҳду талоши роҳбарони сиёсии ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ дар он рӯзҳо ба он равона буд, ки дар Тоҷикистон оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш нишонда шавад.

Дар он вақт Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи XVI муайян кард. Шурои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, ки минбаъд зери роҳбарии ин шахсияти таърихӣ дар кишвар сулҳу салоҳ таъмин гардид ва Тоҷикистон ба маҷрои муносиби давлатсозии миллӣ ворид гардид.

Ин нуктаро бояд ишора кард, ки давраи истиқлолият барои давлатсозии миллии мо тоҷикон ҳамаҷониба мусоидат намуд. Ин марҳаларо коршиносони масоили сиёсӣ давраи гузариш ба ҷомеаи демократӣ низ маънидод намуда, онро ба се давра тақсим намудаанд:

Давраи якум: аз соли 1990 (давраи тафаккури нави демократӣ дар кишвар ва эълон гардидани истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон дар соли 1991) оғоз гардида, то ноябри соли 1992 (то Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) идома ёфтааст;

Давраи дуюм: аз соли 1992 (давраи муборизаи сахти қувваҳои гуногун бо мақсади соҳиб гардидан ба ҳокимият, давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ташаккули ҳокимияти конститутсионӣ) то соли 1997 (давраи ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон);

Давраи сеюм: аз нимаи соли 1997 (аз давраи ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ – 27-уми июни соли 1997) оғоз гардида, то ба имрӯз идома дорад. Хислати муҳим ва асосии ин давра муҳофизати сулҳ ва равандҳои бунёдкорӣ, гузариш ба иқтисоди бозорӣ, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон тавонист баъди ба даст овардани сулҳ ва ризоият дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар барномаҳои мушаххаси инкишофи иқтисодӣ ва муайян намудани роҳи дурусти расидан ба 4 ҳадафи стратегии давлатро рӯйи кор оварад, аз ҷумла:

  • Таъмини амнияти озуқаворӣ;
  • Ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ;
  • Раҳоӣ аз бандбасти коммуникатсионӣ;
  • Саноатикунонии кишвар.

Баҳри амалӣ гардидани нишондодҳои ин барномаҳо дар кишвар кори бузурги созандагӣ дар мисоли: бунёди нӯругоҳҳои обию энергетикӣ, бунёди шоҳроҳҳои бузурги автомобилӣ, бунёдкории иншоотҳои муҳими хоҷагӣ, давлатӣ дар соҳаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва амсоли онҳо оғоз гардид ва дар радифи он аҳамияти муҳим пайдо намудани соҳаи маориф, тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, то рафт эътибори ҷаҳонӣ пайдо намудани давлати тоҷикон дар ҷаҳон аз роҳи 5 ибтикори Тоҷикистон доир ба масъалаи обу иқлим, ба феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани арзишҳои миллии мо тоҷикон дар мисоли Иди «Наврӯз», «Шашмақом», «Фалак», «Чакан» ва ниҳоят аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ қабули Қатъномаи махсус таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» (2027-2036) дар рӯзи 25 июни соли 2026 намунаҳои беназири дастовардҳои навини давлатдории миллии мо тоҷикон дар замони муосир маҳсуб меёбанд.

Ҳамин тариқ, метавон ишора кард, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дарвоқеъ, дорои аҳамияти муҳими таърихӣ мебошад. 35 соли таърихи навини давлат ва миллати мо давраи пурфоҷиа, солҳои ҳалли масъалаи будан ё набудани давлати Тоҷикистон, таъмини сулҳу субот, ризоият ва ваҳдати миллӣ, марҳалаи омодасозии заминаҳои гузариш ва рушди кишвари азизамон аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми комилан нав, хулоса солҳои гузоштани таҳкурсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, давлатдории навини тоҷикон ва мустаҳкам намудани пояҳои он мебошанд.

Назарзода Пиралӣ — доктори илмҳои сиёсӣ, профессори кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment