Имрӯз, 27 августи 2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади амалӣ гардонидани ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҳкими рӯҳи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар миёни ҷавонон ва истиқболи шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вохӯрии судманд миёни вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони шаҳр ва ҷомеаи устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиши маърифатӣ ва тарбиявӣ вакилони Маҷлиси намояндагон — Ҳакимзода Шариф Саид, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ғоибзода Насим, ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, фаъолони шаҳр, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Шариф Саид суханронӣ намуда, ҷомеаи донишгоҳ ва шаҳрро ба муносибати соли нави таҳсил ва ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфт. Вай бо ифтихор аз дастовардҳои даврони истиқлол ва нақши Пешвои миллат дар рушду нумӯи тамоми бахшҳои ҳаёти кишвар ибрози андеша намуда, ёдовар шуд, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти раҳнамоии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як кишвари орому мутараққӣ табдил ёфтааст. Нақши ҷавонон дар таҳкими пояҳои истиқлол ва пешбурди ислоҳоти давлатдорӣ бунёдӣ буда, онҳо бояд бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, барои рушду нумӯи ҷомеа бо дониш, масъулият ва садоқат хизмат намоянд.
Дар рафти вохӯрӣ инчунин доир ба масоили рушди парламенти касбӣ, тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва нақши он дар таҳкими сулҳу амният ибрози назар сурат гирифт.
Сипас, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ғоибзода Насим аз аҳаммияти таҳкими маърифати сиёсӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлатӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосирро махсус таъкид намуд.
Дар идома ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан суханронӣ намуда, бо ибрози хушнудӣ аз ташрифи вакили мардумӣ ба донишгоҳ, зикр кард, ки чунин мулоқотҳо дар баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, тафаккури ватандӯстона ва ҳисси масъулияти шаҳрвандии фаъолон ва аҳли илм нақши муҳим мегузорад.
Зимнан таъкид дошт, ки донишгоҳ ҳамчун муассисаи олӣ ва муҳити маънавии ташаккули ҷаҳонбинии насли ҷавон, дар амалӣ гардидани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат вобаста ба тарбияи шаҳрвандони содиқу худогоҳ, рисолати бузург ба дӯш дорад. Маҳз тавассути чунин мулоқотҳо мо на танҳо паёми ваҳдату созандагиро ба насли наврас мерасонем, балки заминаи устувори маънавӣ барои худшиносиву худогоҳии ҷавонон мегузорем.
