Дар доираи сиёсати “дарҳои боз” ва дар партави сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, имрӯз (26.08.2026) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мулоқоти судманд бо намояндагони Донишгоҳи Гимчеони Ҷумҳурии Корея (Кореяи Ҷанубӣ) баргузор гардид.
Дар мулоқот ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, Ҷонг-су Чунг — сардори шуъбаи корҳои байналмилалии Донишгоҳи Гимчеон ва Пак Ги Ёп — омӯзгори фанни забони кореягӣ иштирок намуданд.
Зимни мулоқот ректори донишгоҳ профессор Сафарзода Мунир Ватан аз дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ва рушди муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея, бахусус дар самтҳои илму маориф, ёдовар гардида, онҳоро самараи сиёсати мутавозин ва дурандешонаи роҳбарияти олии ду кишвар арзёбӣ намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба татбиқи Ёддошти тафоҳуми қаблан баимзорасида мавриди баррасии муфассал қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҷонибҳо оид ба корҳои ташкилии таъсиси Маркази технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ бо омӯзиши забони кореягӣ табодули назар намуда, ҷиҳати омодасозии заминаҳои моддию техникӣ, барномаҳои таълимӣ ва ташкили фаъолияти минбаъдаи марказ ба мувофиқа расиданд.
Қайд гардид, ки зимни ифтитоҳи расмии марказ миёни ду донишгоҳ Шартномаи ҳамкории дуҷониба ба имзо расонида хоҳад шуд. Дар доираи ин шартнома роҳандозии ихтисоси забони кореягӣ дар заминаи факултети филологияи хориҷӣ, табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, идомаи таҳсил дар зинаҳои бакалавриат ва магистратураи Донишгоҳи Гимчеон, инчунин баргузории барномаҳои муштараки онлайнӣ, вебинарҳо ва синфхонаҳои виртуалӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои судманд иброз намуда, таъкид карданд, ки татбиқи ин иқдомҳо барои баланд бардоштани сатҳи байналмилалии фаъолияти донишгоҳ, омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва таҳкими робитаҳои илмию таълимии Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
