Чунин ном гирифтани мақола тасодуфӣ нест. Он роҳи пуршебу фарози Тоҷикистонро дар солҳои соҳибистиқлолӣ, аз рӯзҳои фоҷиабори буҳрони сиёсӣ ва таҳдиди аз байн рафтани пояҳои давлатдорӣ то таҳкими давлатдории миллӣ, пойдории сулҳу ваҳдат ва ба даст овардани ҷойгоҳи шоиста дар арсаи ҷаҳонӣ, бозтоб медиҳад. Интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд) оғози давраи нави таърихӣ ва таҳкурсии давлатдории муосири тоҷикон гардид. Маҳз дар ҳамин марҳилаи тақдирсоз раванди наҷоти миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва барқарорсозии сулҳу субот оғоз ёфта, минбаъд ба роҳи созандагӣ, рушди миллӣ ва эътирофи байналмилалии Тоҷикистон пайваст. Ин иқдоми тақдирсоз сабаб шуд, ки фарзанди содиқи миллат дар дили мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон ҷойгоҳи хоса пайдо кунад.
Дар ин замина, Президенти собиқи Тоҷикистон шодравон Раҳмон Набиев (солҳои 1991-1992) чунин таъкид карда буд: «Ба нафақа баромада, дар бораи имрӯзу фардои Ватани худ, халқи ҷафокашидаам бисёр фикр мекардам. Аммо вақте ки ман Президент Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шахсият ва сиёсатмадор шинохтам, боварӣ ҳосил кардам, ки Тоҷикистонро ояндаи бузург интизор аст. Халқи тоҷик сарнавишти худро ба шахси муътамад бовар кардааст».
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба сари кишвари мо мушкилоти бениҳоят сангини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ омад. Қувваҳои қудратталаби дохилию хориҷӣ тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистони азизро ба гирдоби даргириҳои хунини дохилӣ кашанд.
Дар он рӯзҳои тақдирсоз қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз қабили вабо, малярия, гелиотроп, домана ва дигар бемориҳо паҳн шуда, ба саломатӣ ва генофонди миллат таҳдид мекарданд. Маҷаллаву рӯзномаҳо танҳо аз ҷанг ва шумораи қурбониён менавиштанд. Шоирон марсияхон буданду гуристонҳо аз пайкари қурбониёни ҷанги бародаркуш пур мешуданд. Ғорату тороҷи молу мулк авҷ гирифта, дари масҷидҳо баста ва хонаҳо оташ зада мешуданд. Дар он солҳои тезутунд гурӯҳҳои мусаллаҳ метавонистанд дилхоҳ арбоби сиёсиро аз байн баранд.
Аммо бо мурури замон, дар сарнавишти мардуми азияткашидаи мо гардиши куллӣ ба амал омад: кишвар аз марҳилаи буҳрону парокандагӣ ба роҳи наҷоти миллӣ, сулҳу ваҳдат ва эҳёи давлатдорӣ қадам гузошт.
Зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди мо тавонистанд Истиқлоли давлатиро ҳифз намоянд. Истиқлолу озодӣ барои тамоми мардуми тоҷик рамзи воқеии ифтихори ватандорӣ, имконияти бузурги давлатсозии мустақил ва илҳомбахши азму талошҳои созанда ба хотири рушди кишвар ва афзудани сатҳи некӯаҳволии ҳар як сокини мамлакат гардид.
Мардуми шарафманди Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат тавонистанд кишварро аз фитнаву дасисаҳои бадхоҳон нигоҳ доранд, ба кашмакашҳои дохилӣ хотима бахшанд ва сохти давлатдории миллиро барқарор созанд.
Маҳз бо кӯшишу ғайрати Пешвои миллат сулҳу субот таъмин гардида, фирориён ба Ватан баргардонида шуданд. Сохторҳои ҳокимият барқарор гардида, Тоҷикистони азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф шуд. Муҳимтарин рамзҳои давлатдорӣ – Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ қабул гардида, Артиши миллӣ ва Нерӯҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд. Сарҳади давлатӣ ва амнияти кишвар таҳти назорати пурра қарор гирифта, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути референдуми умумихалқӣ қабул гардид ва пули миллӣ ба муомилот баромад.
Ҳамин таҳаввулоти сиёсӣ ва давлатсозӣ заминаи устувореро фароҳам овард, ки Тоҷикистон аз марҳилаи ҳифзи истиқлол ба марҳилаи таҳкими мақоми худ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардад.
Соҳаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон низ ба дастовардҳои бузург соҳиб шуд. Тоҷикистон аъзои фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ, Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва созмонҳои дигар гардида, бо ташаббусҳои фарогири худ мақоми шоиста пайдо кард.
То имрӯз панҷ ташаббуси глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид роҳандозӣ ва ба таври васеъ дастгирӣ ёфтаанд:
- «Соли байналмилалии оби тоза» (2003)
- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005–2015)
- «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013)
- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028)
- «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (2025) ва эълон гардидани 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо».
Ҳамчунин, баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе гувоҳи пешсафии дипломатияи оби Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар баробари ин, пешниҳодҳо ва қабул гардидани қарори дахлдор оид ба таҳкими сулҳ, аз ҷумла ғояи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ва таъкиди пайваста ба нақши созандаи СММ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҷонибдори сиёсати сулҳҷӯёна ва муколамаи созанда дар сатҳи сайёра аст.
Фарҳанги бой ва тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон низ дар ин давра эътирофи байналмилалӣ ёфт. Силсилаи арзишҳои фарҳангии мо, аз ҷумла ҷашни Наврӯз, мусиқии классикии «Шашмақом», санъати «Фалак», ҷашни бостонии Меҳргон ва ёдгории қадимии Саразм ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардиданд.
Имрӯзҳо омилҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ, маориф, илм, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кор бо занону ҷавонон ва варзиш, ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфтаанд.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун модели муваффақи ҳалли низоъҳои дохилӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст. Аз ин рӯ, ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳнати созанда барои ободии бештари Ватани азизамон ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ
Ҳамин роҳи пуршебу фароз, аз наҷоти миллӣ то таҳкими давлатдорӣ, сулҳу ваҳдат ва эътирофи ҷаҳонӣ, имрӯз моро водор месозад, ки Истиқлоли давлатиро ҳамчун бузургтарин дастоварди миллӣ ҳифз намуда, барои пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон бо масъулияти бештар саҳм гузорем.
Шариф Бегиев, муаллими калони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
