Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки бо таҳдидҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ тавсиф мешавад, масъалаи ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Аз ин ҷост, ки беҳтарин неъмат барои ҳар як миллату давлат ин истиқлолият, ваҳдат, суботи комил ва оромиву осудагӣ ба ҳисоб меравад.
Возеҳ аст, ки истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик аст, ки сию панҷ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин рӯйдоди таърихӣ аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то ба имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик муқаддас маҳсуб мешавад.
Дар ҳақиқат, мо тӯли 35 соли истиқлолият бо вуҷуди мушкилиҳо ва монеаҳои зиёд тавонистем пешрафти устувори кишварамонро таъмин созем, мақому манзалати онро дар арсаи байналмилалӣ бардорем, пояҳои давлатдории истиқлолияти худро тақвият бахшем ва тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои худро барои фароҳам овардани шароити мувофиқ барои зиндагии осуда равона бисозем. Бо шарофати истиқлолият мақом ва мартабаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ бонизом боло рафта, ташаббусҳои созандаи кишвари моро ба хотири амнияти сайёра дар сатҳи байналмилалӣ мепазиранд.
Албатта, дастовардҳои Тоҷикистон дар сию панҷ соли истиқлоли давлатӣ хеле назаррас буда, тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварро дар бар мегиранд. Хусусан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти миллӣ бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба пешрафтҳои назаррасе соҳиб гардад, ки дар тӯли ҳафтод соли ҳукуматдории Шӯравӣ ба он соҳиб нагардида буд. Ин, пеш аз ҳама, дар рӯҳияи худшиносиву ватанпарастӣ тарбия ёфтани насли наврас мебошад. Бояд дар назар дошт, ки ҳар давлату миллат ҳамон вақт ба пешрафтҳои назаррас ноил мегардад, ки соҳиби ҳофизаи таърихӣ ва эҳсоси баланди худшиносӣ бошад. Таҳкими ҳисси худшиносӣ ва дарки ватанпарастиву худогоҳии миллӣ дар ин марҳила зарур аст, зеро мо танҳо бо ҳамин дарку шинохт метавонем ватанамонро аз ҳар гуна хатарҳои идеологӣ эмин нигоҳ дорем.
Воқеан, истиқлол нишони ҳувият, ифтихор, номус, рамзи саодат ва шарти пойдории миллат мебошад. Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронмоятарин арзиш барои ҳар як давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад — истиқлолияте, ки орзуи ҳамешагии ҳар миллати озода аст.
Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро беш аз 150 кишвари ҷаҳон муаррифӣ намуда, ба расмият шинохтаанд. Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитаҳои байналмилалӣ сиёсати дӯстона ва сулҳҷӯёнаро пеш гирифта, дар роҳи расидан ба қуллаҳои баланди истиқлолият ва таъмини сулҳу амният мавқеи худро устувор намуд.
Хушбахтона, Тоҷикистон ва мардуми соҳибфарҳанги он дар остонаи 35-солагии ҷашни миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ин ҷашн дар шароите таҷлил хоҳад гашт, ки бо таҳким бахшидани сиёсати давлат ва фаъолиятҳои ҳукумати мамлакат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои милливу стратегӣ суръати нав пайдо менамояд.
Иштирок ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи Умумии СММ барои кишвари мо оғози яке аз давраҳои муҳим дар ҷодаи пешбурди сиёсати байналмилалӣ маҳсуб меёбад.
Хурсандиовар аст, ки ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ пуштибонӣ меёбанд. Хусусан пешниҳоди эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036»-ро ҳанӯз 24 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми СММ пешниҳод намуда буданд, ки ин ба хотири таҳкими фарҳанги сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва пешгирӣ кардани низоъҳо мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, бояд иброз дошт, ки аъзои СММ зарурияти ин қатномаи мазкурро хеле хуб дарк намуданд ва пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — қатномаи СММ таҳти унвони «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» 25 июни соли 2026 қабул гардид. Тавассути қатномаи мазкур давлатҳои аъзо уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояи муҳими таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.
Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз ҳама гуна таҳдиду фишор худдорӣ карда, бо вуҷуди чунин мушкилот ва таъсири харобиовари он дар муқобили ин таҳдиду хатарҳо мавқеи қатъӣ зоҳир намудааст.
Дастовардҳои мо дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар барқарор намудани сулҳу оромӣ ва пойдории ваҳдати миллӣ, инчунин таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳӣ бо шарофати хиради мардуми соҳибмаърифати тоҷик муяссар гардидааст. Аз ин лиҳоз, ҳар як ҷавон бояд ҳеҷ гоҳ мафҳумҳои озодӣ, истиқлолият ва Конститутсияро аз мадди назар дур насозад ва ҳамаи андешаву кӯшиши худро ҷиҳати таъмини волоияти қонун, болоравии эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва таҳкими ваҳдат равона созад.
Таърих ва фарҳанг яке аз рукнҳои ҷудонопазири ҳар ҷомеа буда, таҷассумгари давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, ба хотири рушди соҳаҳои гуногуни фарҳанг дар солҳои соҳибистиқлолӣ низ як қатор тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд. Қабул шудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо», «Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», таъсиси мағозаҳои китобфурӯшӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб ва таҷлили ҳамасолаи «Рӯзи китоб» аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошанд.
Ҳар яки мо истиқлолро бояд бо масъулият ва ҳисси баланди миллӣ ҳифз кунем. Тавре таърих нишон медиҳад, танҳо бо садоқат ба Ватан метавон истиқлолро нигоҳ дошт ва онро ба наслҳои оянда интиқол дод. Истиқлолияти Тоҷикистон дастоварди бузург ва муқаддасест, ки миллати тоҷик дар роҳи мубориза барои озодӣ ва соҳибихтиёрӣ ба он соҳиб гардидааст.
Истиқлоли Тоҷикистон маънои соҳибихтиёрии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро дорад. Ин дастоварди таърихӣ имконият дод, ки миллат забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллиро рушд диҳад.
Ҳамчунин, дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёд ноил гардид ва дар оянда маҳз ҷавонон метавонанд барои рушду густариши онҳо саҳмгузор бошанд. Ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба дастгирию пуштибонии Пешвои миллат баҳри ҳифзу густариш додани онҳо саҳмгузор бошанд. Махсусан, дар шароити дигаргуниҳои геополитикӣ асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро, пеш аз ҳама, ғояи таҳкими истиқлолияти давлат, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амният, ҳифзи тамомияти арзӣ ва татбиқи манфиатҳои умумимиллӣ бояд ташкил диҳанд.
Шоёни зикр аст, ки истиқлолият ҳамчун оғози зиндагии нав, ҳамчун эҳёи ормонҳои миллӣ ва ҳамчун рамзи бақои миллат ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки устод Муъмин Қаноат дар достони «Ҳамосаи дод» набзи ҷомеаро эҳсос мекунад ва ин рӯйдоди бузургро бо самимияти беандоза истиқбол намудааст:
Мурғи истиқлол омад пайки иқболи баланд,
Чун ҳумое соя меафганд аз боли баланд.
Рамазон Файзов, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, муовини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
