Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАҲОИ ИЛМӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАҲОИ ИЛМӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

by admin
11 views

Имрӯз, 14.02.2026 дар ҷаласаи кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаҳои илмии унвонҷӯёни кафедраи мазкур: Ҳасанзода Бахтиёр Ҳасан дар мавзуи “Таъмини суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирпазирии ҷомеа” ва Саломзода Некрӯз Маҳмадхоҷа дар мавзуи “Ташаккули имиҷи сиёсӣ дар шароити муосир (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)”, зери роҳбарии доктори илмҳои сиёсӣ, Сафарализода Хуҷамурод Қуддусӣ баргузор гардид.

Дар муҳокимаи рисола, намояндагони раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, ҳайати профессорон, дотсентон ва омӯзгорони кафедра ширкат варзида, доир ба мазмун ва муҳтавои корҳои илмӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарриз доктори илмҳои сиёсӣ Назарзода Пиралӣ, дотсентон Яъқубзода Фируз, Ҳусайнзода Аминҷон, Иззатов Умедҷон ва Нуриддинзода Сайҷамолиддин ҳусну қубҳи рисолаҳои илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаҳои илмии Ҳасанзода Бахтиёр ва Саломзода Некрӯз бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқон ва роҳбари илмиашон барору комёбиҳо таманно намуда, ба онҳо дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.

Related Articles

Leave a Comment