Home ХАБАР «ШОҲНОМА»-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ Баннер 29.04.2026 5

«ШОҲНОМА»-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ Баннер 29.04.2026 5

by admin
5 views

Бо чунин унвон 29-уми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар заминаи кафедраи адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик ва журналистика конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар ҳошияи иқдоми хирадмандонаву фарҳангдӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нашр ва ба ҳар як хонадони тоҷик ба расми туҳфа тақдим намудани «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бо иштироки доираи васеи олимону донишмандон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар доир гардид.

Дар кори конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ-Сафарзода Мунир Ватан, профессорони кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, докторони илмҳои филологӣ-Мисбоҳиддини Нарзиқул ва Умар Сафар, доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Данғара-Саидҷаъфаров Озод Шовалиевич, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ-Ашурова Нодира Ҷумаевна, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур-Зебарниё Муллоаҳмадшо ва ҳайати омузгорону донишҷуён иштирок доштанд.

Сараввал, ҳайати иштирокчиёни конфронс дар даромадгоҳи бинои маъмурии муассиса аз намоиши асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, осори илмию бадеӣ ва таълифоти олимону донишмандон, ҳамчунин устодону кормандони донишгоҳ дидан намуда, дар ин зимн донишҷуён аз достонҳои «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ порчаҳо қироат карданд. Сипас, дар толори фарҳангӣ кори конфронс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, масъулияти пешбурди ҳамоишро декани факултет, дотсент Зулифев Гадомад бар уҳда дошт.

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ-Сафарзода Мунир Ватан, зимни сухани ифтитоҳӣ меҳмонони гиромиқадр ва олимону донишмандонро ҷиҳати иштирок дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии донишгоҳ таҳти унвони «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ» самимона хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки илму маърифат ҳамчун пояи асосии ташаккули ҳаёти инсонӣ, инсонро ба дарки амиқи воқеият, худшиносӣ ва ҳалли мушкилоти зиндагӣ раҳнамоӣ намуда, дар тамоми давраҳои таърих омили асосии шукуфоии тамаддунҳо ва пешрафти ҷомеа будааст.

Дар даврони истиқлоли давлатии Тоҷикистон низ бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ ба мероси илмию адабӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ ба самти муҳими давлатдорӣ табдил ёфта, ҳамчун заминаи таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди устувори ҷомеа хизмат менамояд.

Боиси ифтихор аст, ки дар саргаҳи ин иқдоми худшиносонаву ватандӯстона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо осори арзишманди худ, аз ҷумла «Тоҷикон. Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ва «Чеҳраҳои мондагор» саҳифаҳои пурифтихори таърихи миллатро равшан сохта, дар баробари ин, таваҷҷуҳ ба мероси гаронбаҳои адабӣ ва таърихӣ боис гардидааст, ки симои абармардони фарҳангу тамаддуни тоҷик эҳё ва арҷгузорӣ шавад.

Дар идомаи ҳамин сиёсати фарҳангӣ иқдоми нашр ва дастраси ҳар як хонавода гардонидани «Шоҳнома»-и ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ҳамчун падидаи нодири маърифатӣ амалӣ гардида, ба таҳкими худшиносӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва боло бурдани сатҳи маънавии ҷомеа, бахусус ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон заминаи устувор мегузорад.

Дар ҳамин замина раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявиро таҳти унвони ««Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ» баргузор намуда истодааст, ки мову Шумо шоҳиди ва иштирокчии бевоситаи он ҳастем.

Мутмаинем, ки маърузаҳо ва мақолаҳои илмии олимону донишмандон ва муҳаққиқони пажуҳишгарон дар равшан намудани арзишҳои аслии «Шоҳнома», таҳкими ҳувияти миллӣ ва рушди минбаъдаи илми филология, таърих ва фарҳангшиносӣ мусоидат намуда, маҷмуаи маводи конференсия барои олимону муҳаққиқон, омузгорон ва ҳамаи дӯстдорони фарҳанги миллӣ ҳамчун дастури муфиду судманд хидмат хоҳад кард.

Дар идома Мисбоҳиддини Нарзиқул, доктори илмҳои филологӣ дар маърузаи худ таҳти унвони “Иқдоми бесобиқаи Пешвои миллат дар нашр ва эҳдои «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ” ба масъалаи тарбияи ватандӯстӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид дошт, ки «Шоҳнома» ҳамчун шоҳасари безавол саршор аз ғояҳои баланди меҳанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, садоқат ба Ватан ва ҷоннисорӣ дар роҳи озодӣ буда, тавассути симоҳои қаҳрамонони он, аз ҷумла Рустам ва дигар паҳлавонон, руҳияи ҷасорату мардонагӣ, ифтихори миллӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандӣ дар ниҳоди насли ҷавон парвариш меёбад. Инчунин зикр гардид, ки иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти нашр ва дастраси умум гардонидани ин асари безавол заминаи муҳим барои таҳкими худшиносӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ дар ҷомеа мебошад.

Умар Сафар, доктори илмҳои филологӣ, профессор зимни баромад дар мавзуи «Сиёвуши Касроӣ ва “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ» ба масъалаи таъсири амиқи ин шоҳасари безавол ба эҷодиёти шоири муосири эронӣ Сиёвуши Касроӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зикр кард, ки Касроӣ бо такя ба суннатҳои устуравию ҳамосавии «Шоҳнома», махсусан достони «Рустаму Суҳроб», дар манзумаи «Муҳраи сурх» бозофаринии бадеии сарнавишти қаҳрамононро бо диди замонавӣ ва таҷрибаи иҷтимоиву фалсафии худ пайваста, масъалаҳои муҳими зиндагӣ, аз ҷумла муборизаи неку бад, иштибоҳоти инсон, ҷустуҷӯи ҳақиқат, нақши хирад ва сарнавишти инсонро мавриди таҳлил қарор додааст, инчунин таъкид гардид, ки дар ин асар арзишҳои «Шоҳнома» чун адолатхоҳӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулияти инсонӣ дар шакли тоза ва мутобиқ ба шароити замони муосир таҷассум ёфта, аҳамияти ҷовидонии ин мероси гаронбаҳоро бори дигар собит месозанд.

Ҳамчунин Саидҷаъфаров Озод, доктори илмҳои филологӣ, профессор дар маърузаи худ доир ба «Пешинаи маснависаройии форсӣ то Фирдавсӣ аз нигоҳи вазн (дар мисоли эҷодиёти устод Рӯдакӣ)» таъкид намуд, ки то зуҳури Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ жанри маснавӣ дар адабиёти форсӣ аллакай ба сатҳи баланди рушду такомули шаклӣ ва мазмунӣ расида, дар осори шоирони пешин, махсусан устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар қолабҳои гуногуни вазнии арӯзӣ, аз қабили рамал, ҳазаҷ, мутақориб, хафиф, музореъ ва сареъ ба таври фаровон истифода мешуд, ки ин далели равшани ташаккули устувори анъанаи достонсароӣ маҳсуб гардида, заминаи мусоидро барои офариниши «Шоҳнома» фароҳам овардааст. Инчунин зикр гардид, ки маҳз ҳамин таҷрибаи ғании вазнӣ ва бадеии осори Рӯдакӣ ва дигар шоирони пешин ба Фирдавсӣ имкон додааст, то бо такя ба ин мерос шоҳасари ҷовидонаи худро дар қолаби мукаммали ҳунарӣ эҷод намояд.

Ашурова Нодира, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷик, зимни ироаи маъруза дар мавзуи «Жарфияти нигоҳи Абулқосими Фирдавсӣ дар тасвири симои зан-модар дар “Шоҳнома”» таъкид намуд, ки дар ҳамосаи безаволи «Шоҳнома» симои зан на танҳо дар чаҳорчӯби оилавӣ, балки ҳамчун унсури муҳими иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва давлатсоз ба тасвир гирифта шуда, занон ҳамчун модарони тарбиятгар, пуштибонони насл ва нигоҳдорандагони арзишҳои маънавии ҷомеа баромад мекунанд. Зикр гардид, ки Фирдавсӣ тавассути образҳои фархундаи Фаронак, Синдухт, Рудоба, Таҳмина, Катоюн, Фарангис ва дигар симоҳои занона меъёрҳои олии меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул, хирадмандӣ ва вафодориро таҷассум намуда, мақоми занро ҳамчун неруи созанда ва ҳалкунандаи сарнавишти қаҳрамонони ҳамосавӣ нишон медиҳад. Ҳамчунин муаллиф таъкид кард, ки саҳнаҳои фоҷиавии «Шоҳнома», аз ҷумла марги Суҳроб ва Исфандёр, бо эҳсоси амиқи модарӣ бозтоб ёфта, ранҷу дарди занонро ба унвони яке аз меҳварҳои асосии таъсири эҳсосии асар намоён месозанд ва ба ин васила мақоми зан дар ҷаҳонбинии Фирдавсӣ ҳамчун пояи устувори ҳаёти иҷтимоӣ ва рамзи меҳри бепоён тасдиқ мегардад.

Дар идома Зебарниё Муллоаҳмадшоҳ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент дар маърузаи худ таҳти унвони «Таъсири муҳити иҷтимоӣ ба рӯзгор ва осори Фирдавсӣ» таъкид намуд, ки ташаккули шахсият ва эҷодиёти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, махсусан офариниши «Шоҳнома», дар заминаи муҳити пуртазоди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии давраи гузариши ҳукмронии Сомониён ба Ғазнавиён сурат гирифта, маҳз ҳамин муҳит бо ҳодисаҳои муҳими таърихӣ, гирдоварии ривоятҳои куҳан ва таваҷҷуҳ ба ҳифзи ҳофизаи таърихии миллат заминаи асосии эҷоди ин шоҳасари безаволро фароҳам овардааст, инчунин зикр гардид, ки пуштибонӣ ва ҳидояти шахсиятҳои фарҳангдӯст, гирдоварии «Шоҳномаи Абумансурӣ» ва муҳити адабпарвари Хуросон дар рушду камоли андешаи Фирдавсӣ нақши калидӣ дошта, ба ташаккули ҷаҳонбинии ӯ ва ба майдони адабиёт овардани як асари ҷовидона мусоидат намудааст.

Кори конференсия қисми дуюми рӯз дар 2 бахш бо баррасии 40 мақолаи олимону донишмандон идома ёфт.


Ба рӯйхат

Related Articles

Leave a Comment