Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

by admin
118 views
Санаи 26-уми феврали соли равон дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети химия, биология ва география конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бунёдгузори тафаккури техникии насли наврас” бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид.
Дар ин конфронс ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, декани факултаи химия, биология ва география, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Исуфов Дилшод, номзади илмҳои кимиё, дотсент Холиқов Сафар, саромӯзгори кафедраи химия ва методикаи таълими он, Бобоев Бахтиёр ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултети мазкур иштирок намуданд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро дотсент, Рафиев Сафархон ҳусни оғоз бахшиданд. Сипас, Бобоев Бахтиёр, саромӯзгори кафедраи химия ва методикаи таълими он дар мавзӯи “Нақши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар тафаккури техникии насли наврас”, Хоҷаев Исроил,

 ассистенти кафедраи химия ва методикаи таълими он дар мавзӯи “Саноатикунонии босуръати мамлакат яке аз ҳадафҳои чоруми стратегии мамлакат дар самти истеҳсоли металҳои ранга”, Ёрмадов Рустам, ассистенти кафедраи химия ва методикаи таълими он дар мавзӯи “Рушди кимиёи узвӣ ва таъсири он ба тафаккури техникии насли наврас” суханронӣ намуданд.
Дар охир аз ҷониби донишҷӯёни факулта якчанд таҷрибаҳои химиявӣ нишон дода шуд.

Related Articles

Leave a Comment