Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аксияи тарғиботии «Тоҷикона мепушем» бо иштироки устодон ва донишҷӯдухтарони факултети иқтисод ва идораи муассиса баргузор шуд. Мақсади баргузории аксияи мазкур тарғиб ва эҳёи либоси миллӣ, ки рамзи ҳувияту шукуҳи миллат ба ҳисоб меравад, дар назар дошта мешавад.