Home ХАБАР ВОХӮРИИ САРДОРИ РВКД ҶТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ҲАЙАТИ ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

ВОХӮРИИ САРДОРИ РВКД ҶТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ҲАЙАТИ ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

by admin
180 views

18.03.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии Назарзода Шариф Раҳмон — сардори РВКД ҶТ дар вилояти Хатлон бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзуи «Пешгирии ҷинояткорӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ» баргузор гардид.

Нахуст, Абдусамадзода Эраҷ — муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ суханронӣ намуда, меҳмононро хушомадед намуд.

Сипас, Назарзода Шариф Раҳмон — сардори РВКД ҶТ дар вилояти Хатлон суханронӣ намуда, доир ба вазъи ҷинояткорӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли падидаҳои халалдоркунандаи манфиатҳои давлату миллат, сулҳу оромӣ ва суботи ҷомеа; пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, мубориза  алайҳи  хурофотпарастӣ ва таҳдиду  хатарҳои  ҷаҳони муосир; ба роҳ мондани маърифати дуруст ва оқилонаи истифодабарии Интернет, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҷавонон; арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ зимни мутолиа ва тамошои матлабҳои иғвогароёнаи тарафдорону ҷонибдорони ташкилотҳои террористиву экстермистӣ дар Интернет ва нишон додани вокуниши фаврӣ андешаронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки фарзандони мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки илму дониш омӯхтан, соҳиби касбу ҳунар шудан ва зиндагии осудаву фаъолияти самараноки онҳо дар оянда аз ин омили ҳаётбахш, яъне сулҳу оромии кишвар ва суботи сиёсии ҷомеа вобастагии мустақим дорад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятҳоро ба фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагиву таҳсили наврасону ҷавонон, яъне насли ояндасози миллат сафарбар кардааст.

Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист. Мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулҳу суботи кишвар мебошем, -зикр намуд Назарзода Шариф Раҳмон. 

Зимнан, донишҷӯён аз вазъи имрӯза ва равандҳои хатарзои ҷаҳони муосир, роҳҳои пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, мубориза зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар кирдорҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ огаҳӣ пайдо намуданд.

Қобили тазаккур аст, ки баргузории чунин мулоқоту сӯҳбатҳои озоду ошкоро бо овардани факту рақамҳои мушаххас, эҳсоси ватандориву меҳанпарастии ҷавононро бедор намуда, дар ҳифзи арзишҳои миливу фарҳангӣ, устувор нигоҳдоштани пояҳои давлатдорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву маънавии ҷавонон мусоидат хоҳанд кард.

Дар идомаи мулоқот иштирокдорон низ баромад намуда, қайд доштанд, ки ҷиҳати аз байн бурдани падидаҳои номатлуб ва халалдоркунандаи суботу оромӣ дастаҷамъона талош меварзанд.

Дар охир, Абдусамадзода Эраҷ — муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ аз номи Раёсати донишгоҳ барои чунин як сӯҳбати пурмӯҳтаво изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар вохӯрии мазкур ҳайати омӯзгорон ва муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии шаҳри Кӯлоб тариқи маҷозӣ рафти вохӯрии мазкурро тамошо намуданд.

Related Articles

Leave a Comment