Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ФАКУЛТЕТИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ДАР ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ФАКУЛТЕТИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
26 views

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи аҳолии кишвар бахусус наврасону ҷавонон дар саросари мамлакат як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудаанд, ки яке аз онҳо ин озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба шумор меравад.

Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илм), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад.

Озмун дар чор давр ва аз рӯи панҷ номинатсия баргузор мегардад.

Имрӯз (14.03.2024) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври факултавии озмуни мазкур бо иштироки донишҷӯёни факултетҳои филологияи тоҷик ва журналистика, омӯзгорӣ ва фарҳанг, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ баргузор гардид. Дар озмун Шарофат Худойдодова — дотсент, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, Шарипов Анвар — дотсент, сардори раёсати илм ва инноватсия, Зулфив Гадомад — дотсент, декани факултет, дотсентон Содиқов Ёралӣ, Шамшоди Ҷамшед, Сайдалиева Фотима — мутахассиси раёсати илм ва инноватсия ва ҳайати донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар озмун 40 нафар донишҷӯ аз рӯи чор номинатсия: адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назм ширкат намуда, 15 нафарашон ба даври донишгоҳии озмун роҳ ёфтанд.

Related Articles

Leave a Comment