Home ХАБАР МУЛОҚОТИ РЕКТОР БО ОМӮЗГОРОНИ ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКА ВА ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ХОРИҶӢ

МУЛОҚОТИ РЕКТОР БО ОМӮЗГОРОНИ ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКА ВА ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ХОРИҶӢ

by admin
94 views
Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абубабдуллоҳи Рӯдакӣ мулоқоти ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек бо ҳайати омӯзгорон ва роҳбарияти факултети филологияи тоҷик ва журналистика ва факултети филолгияи хориҷӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот ноибони ректор, деканҳои факултетҳои зикршуда, муовинони деканҳо, мудирони кафедраҳо ва ҳайати омӯзгорон иштирок доштанд.
Нахуст профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек фаъолияти факултетҳоро дар шаш моҳи аввали соли 2022 натиҷагирӣ намуда, аз дастоварду камбудиҳои ҷойдошта ёдовар шуданд. Ҳамзамон, садорати факултетҳо вазифадор карда шуданд, ки барои омода намудани кадрҳои илмидошта ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳанд. Дар ин замина донишгоҳ тамоми шароитҳоро фароҳам меорад, то омӯзгорони ҷавон рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намоянд.
Сипас, омӯзгорони факултетҳо оид ба масъалаҳои гуногуни раванди таълиму тарбия таклифу пешниҳодот ироа намуданд. Аз ҷумла, Зафар Мирзоён, профессори фахрии донишгоҳ, Абдусамадзода Эраҷ, дотсент, Шамшоди Ҷамшед, Қурбонов Кароматулло, Гулаҳмадшоев Шокир, Мирзораҳматова Гулнора, Алишери Абдулмаҷид, Муродов Баҳриддин, Ашӯрова Нодира, доктори илмҳои филологӣ ва дигарон ибрози назар намуданд. Баромадкунандагон барои беҳтар шудани сатҳу сифати таълиму тарбия дар факултетҳо таклифу дархост карданд.
Мулоқот дар муҳити орому озод сурат гирифта, омӯзгорон ҳарфҳои худро ба ректори донишгоҳ расониданд.

Related Articles

Leave a Comment