Home ДАСТОВАРҲО КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИКРО БО ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС ИСТИҚБОЛ ГИРИФТАНД

КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИКРО БО ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС ИСТИҚБОЛ ГИРИФТАНД

by admin
35 views

Таърихи 11 марти соли 2024 дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки беш аз 150 нафар собиқадорони матбуот ва журналистони фаъоли вилояти Хатлон баргузор гардид.

Пас аз намоиши матбуоти даврии вилоят ва мулоқоти муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони матбуот натиҷагирии озмуни вилоятии “Неруи сухан” барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соли 2023 барои беҳтарин маводи журналистӣ барпо гардид. Гуфта шуд, ки ба кумитаи тадорукоти озмун беш аз 300 маводи журналистӣ пешниҳод гардида буд.

Барои коллективи бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ боиси ифтихор ва шарафмандии бузург аст, ки кормандон ва намояндагони Донишгоҳ дар маросими тақдими Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон “Неруи сухан” дар соли 2023 барои беҳтарин маводи журналистӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардида, бо диплом ва мукофотпулӣ қадршиносӣ гардиданд.

Ҳамин тавр, кормандони донишгоҳ аз рӯйи номинатсияҳои зерини  озмуни  “Неруи сухан” ғолиб ва барандаи Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон  дониста шуда, бо Диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд:

  1. Шарофат Худойдодова, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, устоди фанҳои тахассуси рӯзноманигорӣ дар номинатсияи “Рӯзноманигори соҳибмактаб” ғолиб дониста шуда, бо дипломи дараҷаи 1 ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуд.
  2. Сомонаи расмии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ — www.new.kgu.tj дар номинатсияи “Беҳтарин сомонаи интернетии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” (масъули сомона- Иброҳими Юсуф, корманди маркази матбуот) ғолиби ҷойи аввали номинатсия дониста шуда, ба дипломи дараҷаи 1 ва мукофотпулӣ зафарёб гардид.
  3. Рӯзномаи “Анвори дониш”-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар номинатсияи “Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ” (сармуҳаррир Муҳаммадҷони Абдувоҳид) сазовори ҷойи 2-юм дониста шуда, бо дипломи дараҷаи 2 ва мукофотпулӣ шарафёб гардид.

Related Articles

Leave a Comment