Home ХАБАР ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА ВА МАТЕМАТИКА

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА ВА МАТЕМАТИКА

by admin
47 views

Санаи 20-уми сентябри соли равон дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдллоҳи Рӯдакӣ чорабинии адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Султони шоирон-устод Рӯдакӣ» бахшида ба рӯзи Рӯдакӣ ва истиқболи 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Сафарзода Мунир, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ дотсент Шарофат Худойдодова, декани факултет, дотсент Самариддинова Зайнаб, сардори Раёсати тарбия Холматов Баҳром, мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст декани факултет, дотсент Самариддинова Зайнаб суханронӣ намуда, чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо ин ҷашни давлатӣ шодбош гуфтанд. Сипас дотсент Рафиев Сафархон баромад намуда, қайд карданд, ки   ифтихори миллии мо тоҷикон аст, ки маҳз ин абарустоди сухан Одамушшуаро, Асосгузори адабиёти форсу тоҷик, падари шеъри порсӣ эълон гардидааст. Дар олами илму адаб эътироф гардидаву собит шудааст, ки маҳз устод Рӯдакӣ бо каломи безаволи худ, ки дар он ғояҳои баланди инсониву башариро сурудааст, бунёди меъёри солими забони ноби адабии тоҷикӣ-форсиро гузоштааст, ки минбаъд бар зербуни он тамоми адабиёти пурифтихор ва дар олам эътирофгардидаи классикиву имрӯзии мо бегазанд қомат афрохт.

Баъдан донишҷӯён аз хидматҳои беҳамтову безаволи дигари устод Рӯдакӣ ёдовар шуданд, ки маҳз дар осори гаронмояи ӯ бунёди тамоми жанрҳои маъмулу маъруфи адабиётамон, мисли ғазал, қасида, маснавӣ, дубайтиву рубоиву қитъа гузошта шудааст.

Дар қисмати фарҳангӣ гурӯҳи донишҷӯёни факултет порчаҳои назмиву насрӣ аз эҷодиёти шоир қироат намуданд. Инчунин, суруд ва саҳначае аз ҳаёт ва эҷодиёти шоири ширинкалом таронасароӣ гардид.

Related Articles

Leave a Comment