Home ХАБАР ДУ МЕДАЛИ ДОНИШҶУЁНИ ДОНИШГОҲ АЗ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ

ДУ МЕДАЛИ ДОНИШҶУЁНИ ДОНИШГОҲ АЗ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ

by admin
4 views

Дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи минтақавӣ оид ба гуштини тарзи озод миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардида, варзишгарони пуртаҷрибаю умедбахш аз минтақа дар он ширкат варзиданд.

Дар ин мусобиқа ду нафар донишҷуи факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо натиҷаҳои назаррас баромад намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Аз ҷумла, Ҳакимов Худойдод, донишҷуи курси 2-юм дар вазни 86 кг бо нишон додани маҳорати баланди варзишӣ ҷойи якумро ишғол намуд.

Ҳамзамон, Солизода Шамсуддин, донишҷуи курси 3-юм дар ҳамин вазн сазовори ҷойи сеюм гардид.

Ин дастовардҳо натиҷаи заҳмату талошҳои пайвастаи варзишгарони ҷавон буда, аз рушди варзиш ва таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ ба тарғиби тарзи ҳаёти солим шаҳодат медиҳанд. Роҳбарият ва ҳайати устодон ба ғолибон барору комёбиҳои минбаъдаро таманно доранд.

Related Articles

Leave a Comment