Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢВАРЗИШ ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁН МУБОРАК БОШАД!

ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁН МУБОРАК БОШАД!

by admin
31 views

Аз санаи 9 то 10-уми декабр дар шаҳри Душанбе мусобиқа оид ба ТАЭКВОНДО-ВТФ – “Ҷоми Сафорати Корея” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидан.

Дилнозаи Ҳикматулло, донишҷӯи курси дуюми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар вазни 49кг сазовори ҷойи якум ва бо гирифтани медали тилло, Мирмадиев Абдуқаюм, донишҷӯи курси дуюми факултети молиявию иқтисодӣ дар вазни 58кг сазовори ҷойи дуюм ва бо гирифтани медали нуқра ва Сайдалиева Аниса, донишҷӯи курси якуми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар вазни 53кг сазовори ҷойи якум ва бо гирифтани медали тилло сарвароз гардиданд.

Ногуфта намонад, ки мусобиқа аз ҷониби сафири Корея Квон Донгсок ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, мақсад аз баргузории он рушди варзиши таэквондо ва ҷалби наврасону ҷавонон ба ин намуди олимпии варзиш мебошад.

Related Articles

Leave a Comment