Home ХАБАР САФАРБАРИИ БОШУКУҲ ВА ХОҲИШМАНДОНАИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

САФАРБАРИИ БОШУКУҲ ВА ХОҲИШМАНДОНАИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

by admin
53 views

Санаи 5-уми май дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  маросими гусели 72 нафар хатмкунандагони донишгоҳ, ки бо амри дил ва хоҳиши худ ҷиҳати адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза навишта буданд, баргузор гардид. Ҷавонони далеру шуҷои донишгоҳ бо ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш барои ҳифзу ҳимояи Ватан-Модар омодагии худро баён дошта, баҳри адо намудани қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ба хизмати ҳарбӣ равон гаштанд.

Дар чорабинии тантанавӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, ректори донишгоҳ профессор, Раҳмон Дилшод Сафарбек, публитсистӣ барҷастаи тоҷик Абдулҳамид Самад, шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, рӯзноманигорӣ шинохтаи тоҷик Аҳмад Иброҳим, донишҷӯёну устодони ин боргоҳи таълимӣ ва волидони хатмкунандагони донишгоҳ иштирок намуданд.

Нахуст раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баромад карда, иброз дошт, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат буда, аз таъсисёбии он си сол пур шудааст. Артиши миллӣ давоми се даҳсола бо дастгирӣ ва пуштибониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як нерӯи тавоно ва пуриқтидор табдил ёфта, аз имтиҳони сангин гузаштааст. Имрӯзҳо Қувваҳои мусаллаҳ ҳамаҷиҳата рушду такомул ёфта, бо навтарин яроқу аслиҳаи ҷангӣ таъмин мебошад ва барои хизматчиёни ҳарбӣ муосиртарин шароити буду бош фароҳам оварда шудааст. Сафи Артиши миллиро ҷавонони ҷасуру далери Ватан пурра намуда, омодагии худро баҳри дифои ин сарзамини аҷдодӣ баён медоранд. Дар сафи Артиши миллии кишвари азизамон ҳамасола хатмкунандагони донишгоҳ ҷалб гардида, рисолати ҷавонмарди иҷро менамоянд.

Ҳамзамон дар ин ин чорабинӣ публитсистӣ барҷастаи тоҷик Абдулҳамид Самад, шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, рӯзноманигорӣ шинохтаи тоҷик Аҳмад Иброҳим суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки мафҳуми номуси миллӣ ва ифтихори соҳибватанӣ аз ҷумлаи рисолатҳои муқаддас ва пуршараф барои ҳар нафари ватандӯст ба шумор меравад. Бешак, мафҳуми ватану ватандӯстӣ барои ҳама фаҳмост. Чунки дар ашъори шоирони гузаштаву имрӯза ин мавзуъ дар ҷои аввал меистад. Агар ба таърих назар афканем, бисёр ҷавонмардонеро мебинем, ки барои ватани худ корҳои бузурге анҷом додаанд. Шумо имрӯз бори дигар исбот намудед, ки  аз зумраи ҷавонони ватандӯсти ин сарзамин ҳастед.

Ҳамчунин, як қатор волидайни даъватшавандагон ва ҷавононе, ки ба ихтиёран ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд, баромад карда миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид дар Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон баён намуданд.

Баъдан маросими мардумии “Нонгазон” аз ҷониби модарони даъватшудагон баргузор гардид.

Дар қисмати охир ҳунармандони Хонаи маданияти донишгоҳ барномаи ҷолиби консертии омоданамудаи хешро пешниҳоди ҳозирин намуданд.

 

Тошматов Умарҷон, хабарнигорони маркази матбуоти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment