Home ХАБАР ДАВРИ ФАКУЛТЕТИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН

ДАВРИ ФАКУЛТЕТИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН

by admin
30 views
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи аҳолии кишвар, бахусус наврасону ҷавонон дар сартосари мамлакат як қатор озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудаанд.
Дар ин росто санаи 29-уми ноябр дар факултети физика ва математика Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ даври дуюми олимпиадаи фаннӣ аз фанни физика гузаронида шуд.
Дар олимпиада мудири кафедраи методикаи таълими физика ва технологияи материалҳо Парвинаи Усмон, мудири кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ Акбарова Рухшона ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.
Олимпиада бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводнокии донишҷӯён, омӯзиш ва рушди илмҳои риёзию табиатшиносӣ ва дақиқ маҳсуб меёбад, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ дар амалӣ намудани барномаи мазкур саҳми босазо дорад ва дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дигар мактабҳои илмӣ дар рушду такомули илмҳои риёзию табиатшиносӣ ҳиссагузорӣ менамояд
.
Дар озмун зиёда аз 20 нафар донишҷӯ ширкат намуда, 5 нафарашон ба даври донишгоҳӣ роҳ ёфтанд.

Related Articles

Leave a Comment