Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

by admin
15 views
Санаи 29-уми ноябр дар толори Шӯрои олимони факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-методӣ дар мавзуи “Талабот оид ба тартиби ба расмиятдарории диссертатсия ва автореферат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар семинар декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Каҷкулоев Абдухолиқ, мудири кафедраи молия ва қарз, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Низомиддин Комилов, сардори Раёсати тарбия Холматов Баҳром, сармутахассиси шӯъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ Сулаймонов Убайдулло ва ҳайати унвонҷӯёну докторантон иштирок доштанд.
Сараввал декани факултет, дотсент Качкуллоев Абдухолиқ суханронӣ намуда, аз мазмуну муҳтавои мавзуи интихобгардидаи семинари имрӯза маълумот доданд.
Баъдан Мирсаидов Муҳаммаднаим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент дар мавзуи “Талабот оид ба тартиби ба расмиятдарории диссертатсия ва автореферат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, ба докторантон ва унвонҷӯёне, ки рисолаи номзадияшон дар ҳоли диссертатсия қарор доранд ва ҳамчунон талобот оид ба барасмиятдарории диссертатсия ва автореферат дар асоси қарори КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал доданд.
Дар охир миёни омӯзгорону докторантон ва унвонҷӯйён оиди мавзуи зикр гардида, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Related Articles

Leave a Comment