Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ — НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ — НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
40 views
Дар баробари забони давлатӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, забонҳои русӣ ва англисӣ тақозои давру замон мебошад, зеро ин забонҳо воситаи муоширати муносибатҳоямон бо давлатҳои дигар ва ба таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани марому ҳадафҳои миллиамон ва гузашта аз ин ба рушду пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишварамон мусоидат мекунад.
Дар ин росто имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети филологияи хориҷӣ конфронси илмӣ – назариявӣ дар мавзуи “Технологияи муосири сайёру мултимедӣ дар таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ” барои иҷрои “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор гардид.
Дар кори конфронс муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, декани факултет Қурбонов Кароматулло, номзади илмҳои филологӣ, мудирони кафедраҳои тахассусии факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Гуламадшоев Шокир, номзади илмҳои филологӣ дотсент Муродов Баҳриддин, муаллими калон Давлатов Файзиддин ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Конфронс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Баъдан ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон дар бораи зарурият ва омӯзиши технологияи муосири сайёру мултимедӣ дар таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ баромад намудаанд.
Сипас, Гуламадшоев Шокир, номзади илмҳои филологӣ дар мавзуи “Getting new information visual aids: Level cards, pictures, a textbook, a computer, interactive board”, Шарипов Хуршед, номзади илмҳои филологӣ дар мавзуи “Методикаи таълими забони англисӣ бо истифода аз технологияҳои сайёру мултимедӣ”, Шарипова Заррина ассистенти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ дар мавзуи “Иди фарҳангии Мардуми Чин дар баҳор”, Мирзоева Зулфия, ассистенти кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ дар мавзуи “Современные методы преподования английского языка в высших учебных заведениях”, Исоқова С, ассистенти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ дар мавзуи “Handysüchtig”, Одинаева Мавзуна, донишҷӯй курси 4- уми факултети филологияи хориҷӣ дар мавзуи “English language and it’s effect in my life” ва Зарипова Муниса, донишҷӯй курси 4- уми факултети мазкур дар мавзуи “Competition: — a way of motivation for pupiles” баромад намуданд.
Инчунин бо ташаббуси методистон ва таҷрибаомӯзони факултети филолгияи хориҷӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Кӯлоб, ки муассисаи пойгоҳии факултет ба ҳисоб меравад, миёни хонандагон озмунҳои “Беҳтарин забондон”, “Луғатдони беҳтарин” ва “Диктанти беҳтарин” ба роҳ монда шуд, ки ғолибони ин озмунҳо аз тарафи садорати факултет бо сипоснома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Related Articles

Leave a Comment