Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ САРОМӮЗГОР

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ САРОМӮЗГОР

by admin
20 views
Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии саромӯзгори кафедраи педагогика Давлатова Малоҳат Ҳабибуллоевна дар мавзуи “Ақидаҳои педагогии Баҳоуддуни Омулӣ ва аҳамияти он дар тарбияи насли наврас” (роҳбари илмӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Имроҳимов Грез) баргузор гардид.
Дар муҳокима, сардори Раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Самариддинова Зайнаб, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Имроҳимов Грез, сардори шӯъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ Сироҷиддини Давлаталӣ, мудири кафедраи педагогика, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Лоиқов Парвиз ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис Иззатова Муҳаббат, доктори илмҳои педагогӣ, профессор ва Бозоров Хушбахт, номзади илмҳои педагогӣ баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ намуда, пешниҳоду тавсияҳои худро ироа намуданд.
Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии саромӯзгор Давлатова Малоҳат Ҳабибуллоевна бо дарназардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисоб шуда барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба саромӯзгор ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.

Related Articles

Leave a Comment