Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ НАВБАТИИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ НАВБАТИИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

by admin
51 views
Имрӯз дар маркази рушди касбият ва инноватсия маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷуёни факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Шарипов Анвар, декани факултети молиявию иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Качкуллоев Абдухолиқ, сардори Раёсати тарбия Холматов Баҳром, мудири кафедраи молия ва қарз, дотсент Комилов Низомиддин, муовини декан оид ба таълими факултети иқтисод ва идора Мирзоев Тоҳир, сардори ҷаъмияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Бобоев Худобахш аъзоёни маҳфил, ҳамчунин донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгорӣ ва Коллеҷи тиббӣ иштирок доштанд.
Сараввал сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Шарипов Анвар, суханронӣ намуда, аз мазмуну муҳтавои маърӯзаҳои интихобгардидаи донишҷӯён дар рафти маҳфили имрӯза маълумот доданд.
Баъдан Давлатов Камолиддин, донишҷӯи курси 3-юми факултети молиявию иқтисодӣ дар мавзуи “Сармоягузории хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Умаров Эмомалӣ, донишҷӯи курси 4-уми факултет дар мавзуи “Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав” ва Шарипова Сайҳона, донишҷӯи курси 3-юми факултет дар мавзуи “Низоми бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд.
Дар охир миёни иштирокчиёни маҳфил мубодилаи афкор сурат гирифт.

Related Articles

Leave a Comment