Home ХАБАР СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ-ДАСТУРДИҲӢ БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲ

СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ-ДАСТУРДИҲӢ БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
78 views
Бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои марбутаи Нақшаи кори Маркази ҷумҳуриявии таълими методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми ноябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки Ҳабибов Насрулло, мудири шуъбаи таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварати омӯзишӣ-дастурдиҳӣ «Оиди беҳтар ба роҳ мондани раванди таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯён, шиносоӣ бо тағйиру иловаҳои воридгардида ба нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои таҳсилот» баргузор гардид.
Дар семинар-машварати омӯзишӣ сардори раёсати таълими донишгоҳ-Мирзоев Қурбоналӣ, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон-Бобоев Бахтовар, сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ- Сироҷиддини Давлаталӣ, мудирони кафедраҳо ва ҳайати кормандони қисми таълимии донишгоҳ иштирок намуданд.
Намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оиди беҳтар ба роҳ мондани раванди таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯён, шиносоӣ бо тағйиру иловаҳои воридгардида ба нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои таҳсилот» баромад намуд.
Дар охир миёни баромадкунандагон ва иштирокдорони семинар доир ба мавзуи баррасишаванда саволу ҷавоб сурат гирифт.

Related Articles

Leave a Comment