Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ – ФАЛСАФӢ БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ФАЛСАФА

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ – ФАЛСАФӢ БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ФАЛСАФА

by admin
95 views
Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи фалсафа ҳамоиши илмӣ-фалсафӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии фалсафа таҳти унвони « Фалсафаи муосир ва доираи масъалаҳои мубрами инкишофи он» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш доктори илмҳои фалсафа, профессор Ибодов Маҳмадулло, мудири кафедраи фалсафа Абдуллоев Насрулло, саромӯзгори кафедраи фалсафа Камолов Шодмон, доктаранти PhD-и кафедраи фалсафа Ғаюров Лоиқ, саромӯзгори кафедра Раҷабов Аминҷон, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ Амиров Файзуллохуҷа ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд.
Нахуст профессор Ибодов Маҳмадулло баромад намуда, дар бораи таъриху таҳаввулоти илми фалсафа суханронӣ намуданд.
Сипас, Абдуллоев Насрулло мудири кафедраи фалсафа дар мавзуи «Таносуб ва нақши илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ ва сиёсӣ дар ҷомеа», Камолов Шодмон саромӯзгори кафедра дар мавзуи «Афзоиши омили иттиллоотӣ ва таъсири он ба таҳаввулоти ояндаи инсон», Ғаюров Лоиқ доктаранти PhD -и кафедра дар мавзуи “Зеҳни сунъӣ: тамоюл ва таҳаввул”, Раҷабов Аминҷон саромӯзгори кафедра дар мавзуи “Идеяи таҳаввулотгароӣ дар фалсафа ва илми муосир” ва Амиров
Файзуллохуҷа, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус дар мавзуи “Мавқеи илм ва маориф дар таълими амнияти иҷтимоӣ” маърӯзаҳои худро баромад намуданд.
Дар охир ҳамоиш бо саволу ҷавоб ва баҳсу мунозира ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment