Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ҶАЪОМАДИ ИЛМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМ

БАРГУЗОРИИ ҶАЪОМАДИ ИЛМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМ

by admin
123 views
Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
Ба ин муносибат имрӯз дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷамъомади илмӣ дар мавзуи «Парчами Тоҷикистон – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷамъомад декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, мудири кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, генерали мустаъфӣ Азимов Раҷабалӣ, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ Бобоев Бахтовар, муаллими калони кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Сафаров Ширинҷон ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Сараввал декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад суханронӣ намуда, ҳамаи ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик карда, зикр доштанд: “Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад”.
Баъдан дар идомаи ҷамъомади илмӣ Сафаров Ширинҷон, муаллими калони кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар мавзуи «Аз Дирафши Ковиён то Парчами давлатӣ», Эмомов Шоҳрух, донишҷӯи курси 4-уми факутет дар мавзуи“Парчам –яке аз рукунҳон давлатӣ» маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир суҳбати озод сурат гирифта, омӯзгорон Бобоев Бахтовар ва Азимов Раҷабалӣ доир ба арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуданд.

Related Articles

Leave a Comment