Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

by admin
62 views
Санаи 16-уми ноябр дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия, Сардори Раёсати тарбияи донишгоҳ Холматов Баҳром, ҷонишини декан оид ба тарбия Гулов Рустам, мудири кафедраи мененҷмент ва маркетинг, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Мунир, мудири кафедраи иқтисодтёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ Ҳакимов Абдуразоқ ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст, декани факултет, дотсент Расулова Лутфия суханро оғоз намуда, ҳозиринро ба ин рӯзи фархунда табрику таҳният гуфта, қайд намуданд: “Аз таърих ба ҳамагон маълум аст, ки ҷомеа ҳамеша ба сарвар, Пешвои оқилу доно, сиёсатмадори касбӣ, адолатпарвару сулҳпарвар ниёз дошт. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ халқи тоҷик низ ба сарвари оқиле ниёз дошт, ки миллатро аз вартаи ҷанги бародаркӯш ва парокандагӣ нигоҳ дорад. Дар симои Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик маҳз ана ҳамингуна сарварро дарёфтанд, ки имрӯз ӯро ҳамчун як шахси таърихию нотакрор мешиносанд”.
Сипас Ибрагимов Дилшод, донишҷӯи курсии 3-юми факултет дар мавзуи “Рӯзи Президенти Ҷумқурии Тоҷикистон”, Сафарзода Фарида, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси Географияи иқтисодиёт дар мавзуи “Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Сангова Арафамо, донишҷӯи курси 1-уми факултети мазкур дар мавзуи “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” баромад намуданд.
Дар охир аз ҷониби гурӯҳи донишҷӯёни факултет порчаҳои шеърӣ дар васфи Пешвои миллат пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Related Articles

Leave a Comment