Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ- АМАЛИИ ДОНИШГОҲӢ

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ- АМАЛИИ ДОНИШГОҲӢ

by admin
21 views
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии ӯ лаҳза ба лаҳза ва қадам ба қадам, дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст. Ҳамон гуна, ки аҳли як хонадон фарзанди худро, ки дар пеши чашмашон аз як навҷавони навқад ба як марди рашид табдил шудааст, дуруст мешиносанд ва бо тамоми сифоту сиришти ӯ ошноӣ доранд, Эмомалӣ Раҳмон низ дар оғӯши Ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтааст. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд.
Аз ин рӯ имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-амалии донишгоҳӣ барои магистрантону докторантони PhD дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон – чеҳраи табиӣ ва шахсияти воқеии олами сиёсат” баргузор гардид.
Дар конфронс ректори донишгоҳ, доктор илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Худойдодова Шарофат, сардори Раёсати илм ва инноватсия Самариддинова Зайнаб, сардори шӯъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ Сироҷиддини Давлаталӣ, номзади илмҳои химия Холиқов Сафар ва ҳайати омӯзгорону магистрантон, докторантони PhD ширкат варзиданд
.
Сараввал ректори донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек баромад намуда, аҳли толорро ба Рӯзи Президент ва Шурои Олӣ табрик намуданд. Сипас, Худойдодова Шарофат, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин дар конфронс Музаффарова Бону, магистранти соли дуюми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ дар мавзуи “Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир”, Қодирова С., магистранти ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар рушд ва инкишофи соҳаи илму маориф”, Абдураҳмонова М.С., магистранти соли якуми ихтисоси забон ва адабиёти рус дар мавзуи “Особенности творчества А. Солженицына” ва Шарипова Сабрина, магистранти соли якуми ихтисоси забони англисӣ дар мавзуи “Ташаккули маъно ва сермаъноии лексемаҳои “heart” (дил) дар забонҳои муқоисашаванда” маърӯза намуданд.

Related Articles

Leave a Comment