Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
25 views
Қабули Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад. яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол ин санаи таърихӣ, яъне 6-уми ноябрро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегиранд, зеро маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ҷомеаи мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва имрӯз ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.
Дар ин росто имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ- назариявӣ таҳти унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили ҳуқуқ ва озодиҳои занон” баргузор гардид.
Дар конфронс ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Кӯлоб Нозимзода Фариштамо, сардори Раёсати тарбия Холматов Баҳром, раиси шурои занони донишгоҳ Барно Рӯзиева ва ҳайати донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст, дотсент Шарофат Худойдодова суханронӣ намуда, ҳамаи ҳозиринро ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, қайд намданд: “6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, қувваи қонунӣ гирифт. Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд. Нақши таърихии Конститутсия пеш аз ҳама дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлол мардуми Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид”.
Ҳамчунон мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Кӯлоб Нозимзода Фариштамо, зикр доштанд, ки конститутсияе, ки 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардид, дар ҳақиқат бахтномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар буда, ба шарофати он ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтаанд. Аз ин рӯ эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонун, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад. Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 28-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.
Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment