Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “БИЁ, ҲАМАДОН ШАВЕМ!”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “БИЁ, ҲАМАДОН ШАВЕМ!”

by admin
87 views

Имрӯз дар китобхонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Биё ҳамадон шавем” баргузор гардид.

Дар ин маҳфил ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, директори китобхона Иброҳимзода Бобоҷон ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Сухани ифтитоҳиро роҳбари маҳфил Мадасани Азизмад ҳусни оғоз бахшиданд. Сипас, Дӯстаҳмадзода Зиёвуддин, донишҷӯи соли якуми факултаи филологияи тоҷик ва журналистика дар мавзӯи “Шарҳи ғазали Камоли Хуҷандӣ: Ҷаҳоне пур зи мақсуд аст роҳе равшану пайдо” ва Ҳафизов Файзалӣ, донишҷӯи соли якуми факултаи филологияи рус дар мавзӯи “Куруши Кабир шахсияти таърихию динӣ” суханронӣ намуданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва музокироти устодону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment