Home ХАБАР ВОХӮРИ БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН

ВОХӮРИ БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН

by admin
17 views
Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд мебошад. Маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солимақл ва бедордил маънии зиндагии мо аён мегардад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модарон мебояд назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандон ҷиддӣ ба роҳ монанд. Чунки ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондан кӯдак метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад ва ҳатто ояндаи худро зери хатар гузорад.
Дар ин росто санаи 26-уми октябр дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омадагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи Кумитаи падару модарони донишҷӯён дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2022-2023 гузаронида шуд.
Дар ҷаласа декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, сардори Раёсати тарбия Холматов Баҳром, ҷонишини декан оид ба тарбия Қурбонов Некрӯз ва падару модари донишҷӯён иштирок доштанд.
Дар сӯҳбат бо падару модарон таъкид гардид, ки ояндаи ҷомеа дар дасти насли наврас аст аз ҳамин хотир дар таълим ва тарбияи онҳо дар баробари падару модар, инчунин ҷомеа ва дигар қишрҳои он саҳмгузор бошем, аммо бо вуҷуди ин, тарбияи аввалин аз оила сарчашма мегирад ва оила аввалин мактаби рӯзгор аст. Аз эҳсоси баланди масъулияти падару модар хулқу атвори ояндаи фарзанд вобастагии калон дорад. Чӣ гуна муносибате, ки ӯ дар оила мушоҳида намуд, метавонад дар оянда онро такрор намояд, агар бо маърифат рӯ ба рӯ гашт муносибати боақлона менамояд, агар бо ҷаҳолат шоҳид гашт ҷоҳилӣ хулқаш мегардад.
Боляд қайд кард, ки ба падару модароне, ки фарзандашон бо баҳои хубу аъло ва тарбияи намунавӣ таҳсил мекунад бо сипосномаи таъсиснамудаи факултет қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир падару модарон аз рафти дарси донишҷӯён ва шарту шароитҳое, ки донишгоҳ барои онҳо муҳаё кардаанд, дидан намуданд. Инчунин, аз таҳсили фарзандонашон пурсон шуданд. Таъкид гардид, ки равобити мустаҳкам миёни донишгоҳ ва волидайн ҳамеша бояд ба роҳ монда шавад.

Related Articles

Leave a Comment