Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КЛУБИ “ЖУРНАЛИСТИКА”

БАРГУЗОРИИ КЛУБИ “ЖУРНАЛИСТИКА”

by admin
73 views
 Тибқи нақша чорабиниҳои Раёсати илм ва инноватсия ва Марказии рушди касбият ва иноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар марказ як қатор маҳфилҳо гузаронида мешавад, ки яке аз онҳо ин клуби “Журналистика”-и ба ҳисоб меравад.
Дар ин росто имрӯз дар Маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Клуби журналистика” баргузор гардид.
Дар маҳфил сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарипов Анвар, мутахассисон ва донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ ширкат намуданд.
Сараввал сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Шарипов Анвар маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Рустамова Мафтуна, донишҷӯи соли аввали ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзуи “Нақши телевизиони Кӯлоб дар таъмини талаботи иттилоотии омма” баромад кард. Дар охир маҳфил бо суолу ҷавоб ва муҳокимаи донишҷӯён ба анҷом расид.
Бояд қайд кард, ки чунин маҳфилҳо бо иштироки донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун моҳе як маротиба дар Маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гузаронида мешавад.

Related Articles

Leave a Comment