Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “БОСТОНШИНОСИ ҶАВОН”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “БОСТОНШИНОСИ ҶАВОН”

by admin
85 views
Санаи 7-уми октябри соли равон дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Бостоншиноси ҷавон”-и назди кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих баргузор гардид.
Дар маҳфил Назарзода Пиралӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи мазкур, Каримзода Исроил, ҷонишини декан оид ба тарбия, Саидзода Қувваталӣ, ассистенти кафедраи мазкур ва ҳайати омӯзгорону аъзоёни маҳфил ширкат варзиданд.
Сараввал Каримзода Исроил, ҷонишини декан оид ба тарбия суханронӣ маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Таварова Омина, донишҷӯи курси якуми факултет дар мавзуи “Маданияти бостоншиносии асри биринҷӣ ва асри оҳани барвақта”, Раҳимзода Ш, донишҷӯи курси дуюми факултет дар мавзуи “Касбу ҳунарҳои мардуми Хатлон” ва Насимхонзда Муниса, донишҷӯи курси дуюми факултет дар мавзуи “Тоҷикистон-сарзамини саёҳат” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва музокироти устодону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment