Home ХАБАР ХУШХАБАР!

ХУШХАБАР!

by admin
117 views
Санаи 9-уми июн саромӯзгори кафедраи забонҳои хориҷӣ Саидов Муҳаммад Бегмуродович дар мавзуи “Ономастикаи Қуръон” (дар асоси тарҷумаи тоҷикии он”) рисолаи илмиашро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020500 – филология дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6DKOA-021 дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷумъахон Алимӣ муваффақона дифоъ намуд.
Аз ин хотир ҳайати эҷодии рӯзномаи «Анвори дониш» Саидов Муҳаммадро бо ин дастовардаш табрику таҳният гуфта, ба ӯ ва роҳбари илмиаш- профессор Ҷумъахон Алимӣ тандурустӣ ва дар корҳои минбаъдаашон комёбиҳои беназир таманно дорем.

Related Articles

Leave a Comment