Home ХАБАР ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ РУС

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ РУС

by admin
128 views
Санаи 5-уми октябр дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгор ва инчунин вохӯри бо донишҷӯёни курси якум баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарипова Одинамо, сардори Раёсати тарбияи донишгоҳ Холматов Баҳром, ҷонишини декан оид ба тарбия Иброҳими Амадхон, мудири кафедраи забони муосири рус, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Асоева Комилахон, муаллими калони кафедраи забони муосири рус Сайдамирова Клара ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст, декани факултет Шарипова Одинамо суханронӣ намуда, ҳозиринро бахшида ба Рӯзи омӯзгор табрик карда, гуфтанд: “Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол, маҳз меҳнати устодон-омӯзгорон мебошад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест. Хуррам онест, ки сазовори номи бузургу ин касби пуршараф аст. Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист”.
Ҳамзамон, ба як қатор донишҷӯёни курси якуми факултет дафтарчаҳои имтиҳонотӣ аз ҷониби садорати факултет супорида шуда,онҳоро барои сазовори номи донишҷӯ шудан табрик карданд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёни факултет шеърҳо дар васфи омӯзгор, суруд ва як саҳначаи ҷолибу диданӣ бо номи “Муаллимаи ошиқ” баҳри болидарӯҳии ҳозирин пешкаш гардид.

Related Articles

Leave a Comment