Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

by admin
84 views
Таърихи 14-уми ноябр дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ибтикори Шуъбаи кор бо занони донишгоҳ ва Шуъбаи кор бо занони шаҳри Кӯлоб конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – поягузори давлати миллии тоҷикон” баргузор гардид.
Дар конфронс мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Кӯлоб Нозимзода Фариштамо, раиси Шӯрои занони донишгоҳ Барно Рӯзиева, номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих Холмуродзода Меҳрафрӯз, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Иззатова Муҳаббат, мутахассиси Раёсати илм ва инноватсия Саидова Нилуфар ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал раиси Шӯрои занони донишгоҳ Барно Рӯзиева баромад намуда, зикр доштанд: “Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсиро барои мо кушода, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Аз ин лиҳоз, ҳамаи Шуморо ва дар симои Шумо тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ин ҷашни бузургу муқаддас табрику муборакбод намуда, бахту саодат ва осудагию оромиро таманно дорам”.
Баъдан Нозимзода Фариштамо, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Кӯлоб дар мавзуи “Иҷлосияи таърихии тақдирсоз ва аҳамияти таърихи он”, Холмуродзода Меҳрафрӯз, номзади илмҳои таърих дар мавзуи “Таърихи баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон”, Фаризаи Давлатмурод, ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷик дар мавзуи “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз” баромад намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар cap андешаи имрӯзу фардои нек, дар қалб розу ниёзи созандагӣ, дар лаб муноҷоту ниёиши озодманишӣ ва дар ният оромиву осудагии миллат ва зиндагии шоистаи моро мепарварад.

Related Articles

Leave a Comment