Home ХАБАР ТАҚДИМИ 150 АДАД КИТОБ БА КИТОБХОНАИ ФАКУЛТЕТ

ТАҚДИМИ 150 АДАД КИТОБ БА КИТОБХОНАИ ФАКУЛТЕТ

by admin
123 views
 Ду сол пеш дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ китобхонае бо номи забоншинос Рустамов Қодир таъсис ёфта буд. Имрӯз аз ҷониби Тоҳир Рустамов фарзанди шодравон Қодир Рустамов ба китобхона 150 адад номгӯи китобҳои гуногуни соҳавӣ тақдим гардид.
Бояд қайд кунем, ки китобхона аъзоёни зиёд дошта, донишҷӯён пайваста аз он истифода мебаранд. Дар китобхона адабиёти соҳаи илмҳои филологӣ мавҷуд аст.

Related Articles

Leave a Comment