Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ УНВОНҶӮЙ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ УНВОНҶӮЙ

by admin
4 views
Дар таърихи 15-уми июни соли равон дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии унвонҷӯи кафедраи фалсафа Зайналов Қурбон дар мавзуи “Таҳлили фалсафӣ-методологии принсипи антропӣ дар таносуб бо ғояи таҳаввулотгароии глобалӣ” (роҳбари илмӣ, Ибодов Маҳмадулло Орифович, доктори илмҳои фалсафа, профессор) баргузор гардид.
Дар муҳокима Абдуллоев Насрулло, мудири кафедраи фалсафа, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, Ибодов Маҳмадулло, доктори илмҳои фалсафа, профессор, Самариддинова Зайнаб, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарриз Садуллоев М, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва мносибатҳои байналмилалии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Ибодов Маҳмадулло, доктори илмҳои фалсафа, профессор баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ намуда, пешниҳоду тавсияҳои худро ироа намуданд.
Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии унвонҷӯй Зайналов Қурбон бо дарназардошти тавсияҳо барои муҳокима ба зинаҳои минбаъда ба ҳимоя тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба докторант ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.

Related Articles

Leave a Comment