Home ХАБАР ДАРСИ НАМУНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАРОН

ДАРСИ НАМУНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАРОН

by admin
230 views
Имрӯз дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Модарон дарси тарбиявӣ-намунавии саромӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик Одинаева Гулбону дар гурӯҳи 203-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид.
 

Дар дарс Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад-номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултет, Холиқова Зайналбӣ-номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, Имомов Зафар, мутахассиси раёсати тарбияи донишгоҳ, Муродов Ҷамил, ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявии факултет, Қувватова Муҳаббат-номзади илмҳои филологӣ ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд. Нахуст дарсро муаллима Одинаева Гулбону оғоз намуда, қайд карданд, ки “Рӯзи байналхалқии бонувон, ки ҳамасола таърихи 8-уми март таҷлил карда мешавад, дар худ басо силсилаи таърихро нигоҳ медорад. Иди мазкур дар тамоми мамолики дунё чун рамзи миллӣ, дифоъ аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои занон пазируфта шуда, онро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.” Сипас, донишҷӯён барномаи омоданамудаи хешро дар васфи ин олиҳаи ҳастӣ пешкашӣ ҳозирин гардониданд.

Related Articles

Leave a Comment