Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ОЛИМОН ВА РАЁСАТ

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ОЛИМОН ВА РАЁСАТ

by admin
103 views
Имрӯз дар маҷлисгоҳи бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи Шӯрои олимон ва Раёсати донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи Шӯрои олимон ноиби ректор оид ба таълим Холиқзода Айниддин оид ба “Ҷамъбасти сессияи имтиҳонотии зимистонаи соли таҳсили 2021-2022 дар таълими рӯзона” ва мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ, дотсент Файзуллоева Фирӯза оид ба “Ҳолати таълиму тарбия, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ” суханронӣ намуда, муваффақият ва камбудиҳоро дар ин самт ироа намуданд.
Дар ҷаласаи Раёсати донишгоҳ ҳисоботи гурӯҳи корӣ, роҳбари гурӯҳ Самариддинова Зайнаб оид ба “Беҳтар намудани самаранокии маҳфилҳои фаннӣ, омодагӣ ба озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ” ва маълумотномаи сардори раёсати тарбия Гулов Рустам оид ба “Натиҷагирӣ аз фаъолияти кории роҳбарони гурӯҳҳои академӣ дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2021-2022” шунида ва муҳокима карда шуданд.
Дар итмом Раиси Шӯро, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо ба аъзоёни ҷаласа оид ба ҳалли мушкилоти дар Шӯро ва Раёсат зикргардида супоришҳои қатъӣ доданд.

Related Articles

Leave a Comment