Home ХАБАР ТАШКИЛИ МАҲФИЛ ДАР КИТОБХОНА

ТАШКИЛИ МАҲФИЛ ДАР КИТОБХОНА

by admin
153 views
Имрӯз дар китобхонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфил бо номи “Биё, ҳамадон шавем!” ба фаъолият шурӯъ кард.
 Дар кушодашавии маҳфили мазкур ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, директори китобхона Иброҳимзода Бобоҷон ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сухани ифтитоҳиро дотсент Рафиев Сафархон ҳусни оғоз бахшиданд. Пеш аз оғози маҳфил аз ҷониби иштирокчиён роҳбари маҳфил, муовин ва котиби маҳфил интихоб гардид. Мадасани Азизмад, донишҷӯи соли 4-уми факултети химия, биология ва география-роҳбари маҳфил, Мунисаи Маҳмарабӣ, донишҷӯи соли 1-уми факултети филологияи тоҷик ва журналистика-муовин ва Дӯстаҳмадзода Зиёвуддин, донишҷӯи соли 1-уми факултети филологияи тоҷик ва журналистика котиби маҳфил интихоб гардиданд.
Сараввал роҳбари тозаинтихоби маҳфил Мадасани Азизмад суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Ниёззода Амриддин, донишҷӯи соли 4-уми факултети химия, биология ва география дар мавзӯи “Ақидаҳо оиб ба пайдоиши системаи офтобӣ”, Мунисаи Маҳмарабӣ, донишҷӯи соли 1 уми факултети филологияи тоҷик ва журналистика дар мавзӯи “Масъалаҳои косташавии ахлоқи ҷавонон” суханронӣ намуданд. Дар охир мањфил бо саволу ҷавоб ва музокироти устодону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment