Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҶАҲОНИ АНДЕША”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҶАҲОНИ АНДЕША”

by admin
97 views
Санаи 18.02.2022 дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша”-и кафедраи фалсафа бо иштироки васеи ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни факултетҳои мухталифи донишгоҳ гузаронида шуд.
Сараввал роҳбари маҳфил Раҷабов Аминҷон суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Фозилов Шаҳбоз — донишҷӯи курси дуюми факултети химия, биалогия ва география дар мавзӯи “Масъалаҳои асосии фалсафа” ва Ашуров Саидиброҳим, донишҷӯи курси дуюми факултети химия, биалогия ва география дар мавзӯи “Таълимоти фалсафии “Буддоия” суханронӣ намуданд. Баъдан, аз ҷониби роҳбарияти кафедра ба якчанд нафар аъзоёни фаъоли маҳфил сипоснома тақдим карда шуд. Маҳфил бо саволу ҷавоб хотима ёфт.
Бояд қайд кард, ки маҳфили “Ҷаҳони андеша”-и кафедраи фалсафа солҳои зиёд аст, ки ба роҳ монда шуда, моҳе як маротиба гузаронида мешавад. Ва соли қабл дар озмуни “Маҳфили беҳтарини сол” сазовори ҷойи аввал гардид.

Related Articles

Leave a Comment