Home ХАБАР НИШАСТИ МАТБУОТӢ БО ВАО

НИШАСТИ МАТБУОТӢ БО ВАО

by admin
149 views
Санаи 3-юми феврали соли ҷорӣ дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2021 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Дар оғози нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо оид ба ҷамъбасти соли 2021 тариқи рӯнамоӣ (презентация), диаграмма ва омори дақиқу саҳеҳ пешниҳод намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки “Ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ кору фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати ҶТ, барномаҳо, консепсияҳо, стратегияҳо, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ, низомномаҳо, нақшаи корӣ, қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудан тадбирҳои зарурӣ андешида, корҳои назаррасу муҳимро анҷом додаанд. Дар соли ҷорӣ 12 нафар омӯзгорон ва 8 нафар донишҷӯён ба стипендияи раиси вилоят, 1 нафар донишҷӯ стипендияи кумитаи ҷавонон ва варзиш, 7 нафар гирандагони стипендияи Президентӣ мебошанд.
Дар соли 2021 профессорону омӯзгорони донишгоҳ 11 китоби дарсӣ, 21 монография, 29 васоити таълимӣ, 35 дастури методӣ ва зиёда аз 715 мақолаҳо ва фишурдаҳо, маърӯзаҳои илмӣ таҳия ва нашр намуданд.
Дастовардҳои илмии омӯзгорони донишгоҳ умедбахш аст, зеро дар соли равон 24 нафар омӯзгорони донишгоҳ рисолаҳои илмии худро дифоъ намуда, 5 нафар барои ҳимоя расман иҷозат гирифта, рисолаи илмии 47 нафар таҳқиқотчиёни соҳаҳои гуногун ба охир расида, дар арафаи ҳимоя қарор доранд.
Боиси сарфарозист, ки ЗАФАР МИРЗОЁН — мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеа барои силсилаи мақолаҳо доир ба ҳаёту фаъолияти сиёсиву чамъиятии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият» дар Шаҳринав ва ҳисору Турсунзода соҳиби Шоҳҷоиза гашт.
Ҳафтаномаи «Омӯзгор» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» озмун эълон карда буд. Озмун аз моҳи марти соли 2020 то аввали моҳи июни соли 2021 идома ёфт. Хурсандиовар аст, ки Ислом Ғуломов, Корманди Шоистаи ҶТ, доктори илмҳои педагогӣ, профессори донишгоҳ барои мақолаи «Риёзидон бояд ҳамадон бошад!» дар озмуни мазкур ҷойи дуюмро соҳиб гардид.
Санаи 10.03.2021 Низомиддин Комилов, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар озмуни беҳтарин маводи журналистӣ «Нерӯи сухан» аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин маводи журналистии чандрасонаӣ” соҳиби «Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон» ва дипломи дараҷаи 3 гардид.
Санаи 6-уми январи соли 2021 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия соҳиби «Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон» барои олимони ҷавон гашт.
Дар 34 кафедраҳои донишгоҳ маҳфилҳои илмӣ фаъолият мекунанд. Зиёда аз 960 нафар донишҷӯён фарогири маҳфилҳои фаннӣ мебошанд. Натиҷаи фаъолияти хуби маҳфилҳои фаннӣ мебошад, ки дар давраи ҳисоботӣ донишгоҳ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштанд.
Дар моҳи июли соли 2021 магистранти курси 1-уми ихтисоси физика ва математика Назаров Аминҷон дар Озмуни ҷумҳуриявии олимони ҷавон «Навовари беҳтарин», ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 баргузор гардид, сазовори дипломи дараҷаи сеюм гардид. Донишҷӯёни донишгоҳ дар 40 мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ, 30 мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва 3 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда соҳиби 50 адад медалӣ тилло, 20 адад медали нуқра, 10 адад медалӣ биринҷӣ, 10 нафар номзад ба устоди варзиш, 5 нафар ба устоди варзиш ва 150 нафар сазовори ифтихорномаҳо гардидаанд. Ҳамчунин барои саҳми арзанда гузоштан дар баргузории даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли 2021 сазовори ҷойи аввал ва дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гардид.”
Ректори донишгоҳ бо таъкид ба захираҳои кадрӣ, чун сарвати арзишманди донишгоҳ қайд намуд, ки дар ин муассисаи олии таълимӣ иқтидори бузурги кадрии соҳаи маорифи кишвар кору фаъолият менамояд ва боиси ифтихор ва сарбаландии мост, ки хатмкардагони донишгоҳ дар зиёда аз 50 давлати дунё (Россия, ИМА, Канада, Олмон, Швейтсария, Италия, Англия, Белгия, Австрия, Туркия, Яман, ИДМ ва ғайра) кору фаъолият карда, обрӯю нуфузи ватану миллати азизи моро афзун карда истодаанд ва донишгоҳ мавқеи байналмилалиро касб намудааст.
Таъкид рафт, ки дастгириву ғамҳориҳои Пешвои маорифпарвари тоҷикон ба мо нерӯву тавоноӣ бахшида, водор месозад, ки ворисони воқеии абармардони соҳаи маориф ба мисли Рӯдакию Сино ва Фирдавсии бузург бошем, то ки кадрҳои баландихтисос тарбия намоем ва дар рушди илму инноватсия мавқеи худро нигоҳ дошта тавонем.
Инчунин, профессор Мирализода Абдусалом иброз доштанд, ки дар донишгоҳ корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, биноҳои таълимӣ ва атрофи онҳо аз таъмири наву замонавӣ бароварда шуданд. Дар хобгоҳи №3 низ таъмири асосӣ гузаронида шуда, бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Ҳамчунин ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо ба саволҳои зиёди намояндагони ВАО ҷавобҳои мушаххас дода, онҳоро ба ҳамкоррии минбаъда баҳри пешрафт ва рушди таълиму тарбия ва илму инноватсия дар донишгоҳ даъват намуд.

Related Articles

Leave a Comment