Home ХАБАР ҶАШНГИРИИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМ ДАР ДОНИШГОҲ

ҶАШНГИРИИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
106 views

Рӯзи 24-уми ноябр дар толори фарҳангии донишгоҳ Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.

Гирдиҳамоии донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳ бо хониши Суруди миллӣ оғоз ёфта, дар як фазои ботантана парчамбардорон дар тан либоси низомӣ бо қадамзании муназзами сарбозӣ, парчами миллиро ба саҳнаи толори фарҳангӣ оварданд.

Сипас, ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом дар мавриди таърихи парчамбардории тоҷикон ва манзалати он дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Бахши фарҳангӣ–ҳунарии ҳамоиш бо сароидани хори умумӣ зери унвони «Пачами мо» аз тарафи дастаи ҳаваскорони санъати донишгоҳ оғоз ёфт. Ҳунармандони ҷавон хори умумӣ ва рақсу таронаҳоро дар сатҳи баланди эҷодӣ иҷро карданд.

Related Articles

Leave a Comment