Home ХАБАР БОЗ БА ОЗМОИШГОҲИ БИОТЕХНОЛОГИЯ БО МАБЛАҒИ 353 000 СОМОНӢ НАВТАРИН ТАҶҲИЗОТ ВОРИД ГАРДИД!

БОЗ БА ОЗМОИШГОҲИ БИОТЕХНОЛОГИЯ БО МАБЛАҒИ 353 000 СОМОНӢ НАВТАРИН ТАҶҲИЗОТ ВОРИД ГАРДИД!

by admin
146 views
Чанде пеш дар доираи татбиқи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» «Такмили барномаҳои таълимии ихтисоси биология (биотехнология) вобаста ба талаботи бозори меҳнат» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонии рушд ба маблағи 1 миллион сомонӣ таҳизфоти озмоишгоҳӣ ворид карда шуда, озмоишгоҳи замонавии биотехнология ифтитоҳ ёфта буд.
Озмоишгоҳ дорои таҷҳизоти муосири таҳлилу ташхиси маводи ғизоӣ, микроорганизмҳо, таркиби об ва дигар хусусиятҳо буда, дар он донишҷӯёни ихтисоси биотехнологияи факултети химия, биологияи ва география донишҳои назариявии андӯхтаи хешро тавассути гузаронидани таҷрибаҳо дар амал татбиқ менамоянд.
Дар доираи лоиҳаи мазкур тӯли 1 сол омӯзгорон ва донишҷӯёни самти биология ва биотехнология ба семинару тренинигҳои такмили ихтисос ва истифодаи технологияи нави озмоишгоҳӣ фаро гифта мешаванд.
Ифтитоҳи озмоишгоҳ дар партави амалигардонии «20-солаи рушди илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ» падидаи назаррас ва пурманфиат мебошад.
Имрӯз низ навтарин таҷҳизот бо маблағи 353 000 сомонӣ ворид гардид!

Related Articles

Leave a Comment