Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КУРСИ САЙЁРИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

БАРГУЗОРИИ КУРСИ САЙЁРИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

by admin
21 views
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳои касбии омӯзгорони муассисаҳои олии касбӣ, дар иртибот бо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 уми декабри соли 2019, ки солҳои 2020-2040 ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуданд, инчунин ҷиҳати такмил ва баланд баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳои касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо ташаббуси Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси сайёри такмили ихтисосро аз рӯи ихтисоси физика ва математика дар муддати 15 рӯз аз санаи 18 уми январи соли ҷорӣ то санаи 3 юми феврал дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз гардид.
Дар кушодашавии курси мазкур Рафиев Сафархон, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, Амиршоева Нозанин, мутахассиси шуъбаи таълими Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд. Сухани ифтитоҳиро Амиршоева Нозанин ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар ин курс Юнусӣ М., профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Амсиласозии риёзӣ”, дотсент Камолзода С., дар мавзӯи “Педагогика ва психологияи мактаби олӣ”, дотсент Зокиров С., дар мавзӯи “Математикаи муосир ва таълими он дар мактаби олӣ” ва дигар профессорону дотсентони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯҳои доир ба самти физика ва математика ба омӯзгорон дарс хоҳанд гуфт.

Related Articles

Leave a Comment