Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ ДАР ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
171 views
Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия семинари илмӣ-методӣ дар мавзӯи «Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2021, №267» баргузор гардид.
Дар семинар ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, Мирсаидов Муҳаммаднаим номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, Зулфиев Гадомад номзади илмҳои филологӣ, дотсент, сардори шӯъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ педагогӣ ва дигар омӯзгорону унвонҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон оғоз намуданд. Сипас, Мирсаидов Муҳаммаднаим номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент ва Зулфиев Гадомад номзади илмҳои филологӣ, дотсент, сардори шӯъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ педагогӣ дар мавзӯи «Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2021, №267» суханронӣ намуданд. Семинар бо саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираҳои унвонҷӯёну омӯзгорон ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment