Home ХАБАР ИШТИРОКИ ВА СУХАНРОНИИ КОРМАНДИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ Муносибатҳои байналмиллалӣ 24.04.2026 54

ИШТИРОКИ ВА СУХАНРОНИИ КОРМАНДИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ Муносибатҳои байналмиллалӣ 24.04.2026 54

by admin
4 views

Дар доираи амалӣ намудани Созишномаҳои ҳамкорӣ ба МТОК-и хориҷи кишвар чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд. Тибқи чунин як нақшаи муштарак бо Академияи давлатии ҳуқуқи Саратови Федератсияи Россия, санаи 23.04.2026 корманди донишгоҳ дар конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “Язык и культура в праве” тариқи онлайн иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори конфронс дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ Давлатзода Шуҳрат бо маърузаи худ “Язык закона как особый юридический язык” баромад намуда, ҷанбаҳои муҳимми забони ҳуқуқ, нақши он дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва вижагиҳои истилоҳоти ҳуқуқиро мавриди таҳлил қарор дод.

Баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ барои тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи илмӣ-таҳқиқотӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва баланд бардоштани сатҳи таҳсилот мусоидат менамоянд.

Related Articles

Leave a Comment