Home ХАБАР 3 КАФЕДРАИ БЕҲТАРИНИ СОЛИ 2021: КАФЕДРАИ МОЛИЯ ВА ҚАРЗ ДАР ҶОЙИ 1-УМ!

3 КАФЕДРАИ БЕҲТАРИНИ СОЛИ 2021: КАФЕДРАИ МОЛИЯ ВА ҚАРЗ ДАР ҶОЙИ 1-УМ!

by admin
135 views
Имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҷлиси солона бо иштироки ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо, ноибони ректор, деканҳои факултетҳо ва мудирону омӯзгорон доир гардид.
Дар чорабинии мазкур инчунин озмуни “Кафедраи беҳтарини сол”, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда буд, ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур низом ва раванди ҳавасмандгардонии сохторҳои муассисаҳои таълимиро бо мақсади баланд бардоштани мақоми онҳо, ҳавасманд намудани онҳо дар рушди қобилияти илмию эҷодӣ, истифодаи техника ва технологияи иттилоотию иртиботии муосир, инчунин арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳию худшиносӣ, дар тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби рақобатпазир дар бозори меҳнат ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ муайян менамояд. Дар натиҷа, ҷойи якумро кафедраи “Молия ва қарз”, мудири кафедра номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Низомиддин Комилов, ҷойи дуюмро кафедраи «Педагогика” мудири кафедра, номзади илҳои педагогӣ Лоиқов Парвиз ва ҷойи сеюмро кафедраи “Химия ва методикаи таълимии он” мудири кафедра, номзади илмҳои химия, дотсент Холиқов Сафар насиб гаштанд ва бо маблағҳои 2000, 1500 ва 1000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Мудирони кафедраҳо аз ҷониби ректори донишгоҳ Мирализода Абдусалом Мустафо бо ифтихорномаҳо ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд.

Related Articles

Leave a Comment