Home ХАБАР ҶАЛАСА ОИД БА ҶАМЪБАСТИ СОЛ БАРГУЗОР ГАРДИД

ҶАЛАСА ОИД БА ҶАМЪБАСТИ СОЛ БАРГУЗОР ГАРДИД

by admin
145 views
Имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи васеи раёсати донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо оид ба ҷамъбасти соли 2021 маълумотнома ироа кард. Устод Мирализода Абдусалом Мустафо қайд намуданд, ки дар соли 2021 донишгоҳ ба муваффақиятҳои бузург ноил гардид. Аз ҷумла, Шӯрои диссертатсионӣ ташкил шуд, донишгоҳ дар рейтинги МТОК 5 зина боло рафт, донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд ва даҳҳо муваффақияти дигар.
Инчунин, ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо иброз доштанд, ки ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мактабу маориф ва илму фарҳанг, аз ҷумла ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рӯҳбаланд гардида, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро дар мулоқот бо зиёиёни кишвар, Паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дарси сулҳ, ки ҳамасола дар муассисаҳои таълимӣ бо кормандони соҳаи маорифи кишвар баргузор мегардад, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамунсоз сармашқи фаъолият дониста, баҳри татбиқи онҳо пайваста саъю кӯшиш менамоянд.
Муваффақиятҳои донишгоҳ дар соли 2021 дар як матлаби комил муфассал пешниҳод карда мешавад.

Related Articles

Leave a Comment